Дастаи Рӯдакӣ дар лигаи якум , аммо бе «Хайр»

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Дар ФФТ маросими қуръакашии бозиҳои дастаҳои лигаи якуми мамлакат барои мавсими футболи соли 2017, ки дар ду давра хоҳад гузашт,  доир гардид.

Дар ҷамъбасти мавсими соли 2016, тибқи иттилооти ФФТ,  дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Хайр» (Ваҳдат) бо сабаби камбуди молиявӣ Лигаи олии мамлакатро тарк намуда, ба лигаи якум мегузаштанд. Акнун маълум шуд, ки дастаи «Хайр» то вақти номаълум аз фаъолияти варзишӣ бозмондааст. Аммо шаҳри Ваҳдатро дар мавсими нав  дастаи дигар -«Ваҳдат» муаррифӣ менамояд.

Ҳамин тариқ,  дар мавсими  соли 2017 лигаи якум ба бозиҳо  12 дастаро ҷалб намудааст, ки инҳоянд:  «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Зарафшон» (Панҷакент), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Парвоз» (Фурудгоҳи  Хуҷанд) , «Сомон» (Дангара), «Эсхата» (Хуҷанд), «ФК-83» (Душанбе), «Зарбдор» (Исфара)  ва«Саройкамар» (Панҷ). Дастаҳои мазкур таҳти рақамҳои зерин  қуръа кашиданд:

  1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)
  2. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
  3. «Равшан» (Кӯлоб)
  4. «Зарафшон» (Панҷакент)
  5. «Ваҳдат» (Ваҳдат)
  6. «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)
  7. «Хулбук» (Восе)
  8. «Сомон» (Дангара)
  9. «Эсхата» (Худжанд)
  10. «ФК-83» (Душанбе)
  11. «Зарбдор» (Исфара)
  12. «Саройкамар» (Панҷ)

Зимни натиҷаҳои қуръакашии тақвими бозиҳо дар даври аввали мусобиқаи лигаи якум дастаҳои зерин вомехӯранд:

 «Локомотив-Помир» – «Саройкамар»

«Кӯктош» – «Зарбдор»

«Равшан» – «ФК-83»

«Зарафшон» – «Эсхата»

«Ваҳдат» – «Сомон»

«Парвоз» – «Ҳулбук»

Тақвими лигаи якум аз рӯйи присипи «оинавӣ» мутобиқ ба системаи Бергер баргузор мешавад. Ҳар як даста 22 бозӣ доир намуда, дастаи ҷойи якумро ишғолнамуда ба Лигаи олии мамлакат-2018 роҳхат мегирад.

Тақвими пурраи бозиҳо лигаи якум-2017 баъди тасдиқ шуданаш манзури дастаҳо ва мухлисон карда мешавад.

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply