• Бахтовар Сафаров
  • 19.07.2019
  • 0

ДДЗТ соҳиби бинои нав мешавад

Донишкадаи давлатии забонҳо ба наздикӣ соҳиби бинои нави иловагии таълимӣ мешавад, хабар дод Маҳмадулло Раҷабзода, ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода зимни нишасти хабарӣ.

“Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ барои устодон ва донишҷӯён бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии панҷошёнаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо тарҳи замонавӣ дар масоҳати 106,306 метри квадратӣ барои 1380 донишҷӯ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ин бинои иловагӣ дорои 50 синфхонаи замонавӣ мебошад, синфхонаи компютерӣ ва лингафонӣ, таҳхона, амбор…”, — зикр намуд ӯ.

Айни замон корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва Ҳукумату давлат дар вақти зарурӣ ин иншоотро ба истифода медиҳад.    

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner