• Mardon
  • 06.08.2019
  • 0

Дидори Президент аз вилояти Хатлон ва ифтитоҳи иншоотҳо

Имрӯз, 6 август бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин роҳ валангор шуда буд ва ронандагону мусофирон ҳангоми рафту омад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Роҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилоъ роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон Ховалинг қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.

Пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг Ширкати Чайнароуди Чин мебошад. Тибқи лоиҳа дар масофаи 43 километри роҳ 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуда, роҳ ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ карда шудааст.

Ду купрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта шуда, 4 тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, пеш аз мӯҳлат бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Акнун тавассути роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ҳаҷми боркашонӣ афзоиш ёфта, он барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.

Ҳамчунин, рӯзи 6 август дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» ифтитоҳ шуд. Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Айнӣ замон бо ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Тибқи маълумот иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар оянда дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намуда, чанд нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Дар ҷараёни сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Хатлон дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дода шуд.

Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон истифода хоҳанд бурд.

Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида насб карда шуд ва тариқи он об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки сокинони 3 деҳаи ноҳияи дурдасти мамлакат аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд.

Дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ташкил карда шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” соли 2017 оғоз намудаанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.

Дар ин маркази хизматрасонии муосир зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масоҳати умумии бино зиёда 700 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар яке аз маконҳои зебоманзари маркази деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст ва он хеле назаррабо ба чашм мерасад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва нишастгоҳҳо зиннат медиҳанд.

Деҳоти Сари Хосор дорои табиати зебо ва мавзеҳои зиёди сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он теъдоди зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан мекунанд. Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 адад меҳмонхонаи замонавии дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Мавзеи Сари Хосор барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ аз ҷумла сайёҳати экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад. Деҳоти Сари Хосор бо имкониятҳои зикршуда дар кишвар яке аз минтақаҳои зебои сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза, иқлими мусоид ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner