Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дидори Рустами Эмомалӣ бо Шавкат Мирзиёев

Нимаи дуюми имрӯз, 3 декбар раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вохӯрд.

Зимнан, Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад. Раиси шаҳри Душанберо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт.

Шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масъалаҳои татбиқи созишномаи роҳбарони ду пойтахт, ки моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ кардаанд.

Имзои санадҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, тасдиқи барномаи ҳамкорӣ байни ду шаҳр барои соли 2020- ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Рустами Эмомалӣ, ки ҳамагӣ 31 — сол дорад, аз 4 — уми апрели соли 2017 инҷониб раиси шаҳри Душанбе мебошад. Ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрдори Душанбе берун аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.