• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 05.02.2019
  • 0

Диловар Қодирзода директори Маркази тадқиқоти стратегӣ таъин шуд

Мувофиқи хабарҳои дарёфтӣ,ки ҳануз расман тасдиқ нагардидаанд, Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ӯ дар ин вазифа Худойбердӣ Холиқназарро, ки солҳои охир  ин ниҳоди тадқиқоти стратегиро  роҳбарӣ мекард, иваз намуд. То ин дам Диловар Қодирзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  наздики 7 сол инҷониб ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият дошт. Аз рӯйи гуфтаи манбаи  “Тоҷикистон таймс”,  ба ҷойи ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ академик Носирҷон Салимӣ низ  кадри нав таъин шудааст. Дар ин вазифа профессор Нуъмонҷон Ғаффоров, ки то   ин муддат ба ҳайси муовини ректори Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият дошт, таъин гардидааст. Ҳамин тариқ,  нисфирӯзии имрӯз кадрҳои дар боло номбаршуда ва чандин роҳбарони сохторҳои дигари кишвар муаррифӣ хоҳанд шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner