Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДОИШ масъулияти ҳамла ба дидбонгоҳро ба зимма гирифт

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”аз тариқи сомонааш мавсум ба “Аъмоқ” эълон кард, ки ҳамла ба постгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷониби тарафдорони он сурат гирифтааст.

Дар баёнияи ДОИШ таъкид шудааст, дар ҳамлаи 6 ноябр ба постгоҳи марзбонӣ 10 сарбози неруҳои сарҳадии Тоҷикистон кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар изҳороти Қӯшинҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар рӯзи 6 ноябр теъдоди кушташудагон аз неруҳои давлатӣ ду нафар унвон шуда буд.

Баъдан манобеъи ғайрирасмӣ шумори талафоти ҷониро миёни неруҳои давлатӣ 6 нафар-5 сарбозони неруҳои сарҳадӣ ва 1 корманди милитсия гуфтанд. Аммо то ҳол манобеъи расмии Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Бино ба изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамла ба постгоҳи сарҳадиро гуруҳи террористии ДОИШ анҷом додааст, ки 3 ноябр марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда, ба ҳадафи ба даст овардани силоҳ ба дидбонгоҳи марзӣ ҳамлаи ноком анҷом додааст.

Аммо Вазорати мудофиаи Афғонистон ин хабарро рад карда ва гуфт, ки ҳеч гуруҳе аз Афонистон ба Тоҷикистон нашудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, бар асари задухӯрд миёни гуруҳи мусаллаҳ ва неруҳои давлати Тоҷикистон 15 ҷангҷӯи гуруҳи «Давлати исломӣ» кушта дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфта буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.