• Mardon
  • 10.10.2019
  • 0

Довари бозии Тоҷикистон-Япония мушаххас шуд

Бозии интихобии Тоҷикистон бо дасти мунтахаби Японияро мутахассиси футбол аз Ироқ доварӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ин бозӣ рӯзи сешанбеи 15 октябр дар доираи бозиҳои интихобии Бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи “F” баргузор хоҳад шуд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки бозиро гурӯҳи доварон аз Ироқ ба раҳбарии судяи 29-солаи ФИФА, Муҳаммад Зайд Тхамер доварӣ мекунанд.

Инспектори доварон Энтонӣ Ҷон Да Коста аз Ҳиндустон ва комиссари бозӣ Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб таъйин шудаанд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Япония рӯзи 15 октябр соати 17.15 ба вақти маҳаллӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷқмҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Қимати билети вуруд 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner