• Бахтовар Сафаров
  • 09.10.2019
  • 0

Ду ҳамла бо истифода аз корд

Мард занашро аввал чӯбдасту баъд бо корд задааст

Дар ноҳияи Носири Хусрав марде бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Номбурда, рӯзи 30-юми сентябри соли 2019, тахминан соати 11:00, дар ҳавлии истиқоматиаш бо оилааш зани 32-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст”.

Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, — омадааст дар иттилоия.

Бино бар иттилои манбаъ, марди 37-солаи сокини деҳаи Комсомоли ноҳияи Носири Хусрав бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Куштори ҷавони 17 сола бо корд

Бар ҳамин ҳол, дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷавони 19-сола бо ҷавони 17-сола вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.

Тавре манбаъ менависад, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Сино, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, рӯзи 8-уми октябри соли 2019, тахминан соати 07:40-дақиқа, дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо ҷавони 17-солаи сокини кӯчаи Ҳаёти Нав вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, — омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner