• Бахтовар Сафаров
  • 06.05.2019
  • 0

Ду мурдаву чор захмӣ дар садамаи нақлиётӣ

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO” Исоев Саломиддин, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” бархӯрдааст, ки дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портет” Бердиев Х.Н. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO” Гадоева Зулхумор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 4-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 15:15 — дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO”, Исоев Саломиддин Саидович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе — Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Сешанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда Бердиев Хайрулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Уро-Ури шаҳри Турсунзода, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портет” Бердиев Х.Н. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO” Гадоева Зулхумор Наврӯзовна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Тавре манбаъ зикр мекунад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан- CEFIRO” Исоев С.С. ва мусофиронаш: Заробова Идимоҳ Нуруллоевна, соли таваллудаш 1972, Тураева Авриямоҳ Аламовна, соли таваллудаш 1965 ва Ҷалолова Раҷабгул Амриддиновна, соли таваллудаш 1994, сокинони ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner