• Бахтовар Сафаров
  • 19.06.2019
  • 0

Ду шоҳҷоиза ва 30 диплом

Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе дар сессияи АХИ рекорд гузошт

Ҳафтаи гузашта дар Мактаби байналмиллалии Президентии шаҳри Душанбе 40-умин сессияи баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он наврасони фаъоли кишвар соҳиби унвонҳои аъзои ҳақиқӣ ва вобастаи Академияи хурди илмҳо гардиданд.

Дар ин сессия наздики 1000 нафар хонандагон аз ВМКБ,  вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе аз рӯи 15 фан — забон ва адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ, биология, геоэкология, география, физика, математика, тиб, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, химия, педагогика, равоншиносӣ ширкат варзиданд.

Дар ин сессия муҳассилини Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе хеле фаъол буданд. Зеро қабл аз баргузории сессия дар ин муассиса дар доираи Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  14-уми майи соли 2019 , №286 аз 20-ум то 25-уми май эълон гардида буд, як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади пешрафти илму техника ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва эҷодкориву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон роҳандозӣ гардид.

Ҳамин тавр, дар  40 – умин сессияи баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 нафар хонандагони Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе низ ширкат варзида, бо ҷоизаҳои махсус  сарфароз гардиданд.

Нилуфар Ҳамдамова, хонандаи синфи 8 дар бахши рӯзноманигорӣ ва Шамсулло Ҳусно аз фанни забони англисӣ соҳиби  “Шоҳҷоиза” гардиданд. 30 нафари дигар соҳиби дипломҳои дараҷаи 1, 2  ва 3-юм гардиданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе соли равон дар гирифтани ҷоизаҳо аз ҳама пешсаф буд. Бинобар ин,  литсей аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардид.  Одинамо Одинаева, директори литсей зимни суҳбат бо мо гуфт:

“Дар мактаби мо 8 сол мешавад, ки чунин лоиҳа-озмунҳо гузаронида мешаванд. Дар солҳои аввал шумораи иштирокчиён кам буданд, аммо соли равон наздики 60 нафар хонандагони мо дар лоиҳа-озмуне, ки дар ду бахш гузаронида шуд, ширкат карда, аз онҳо 33 нафарашон дар 40 – умин сессияи баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат гирифтанд. Ҷоизаи ифтихорӣ, ин узви ҳақиқӣ ва узви вобастаи Академияи хурди илмҳо мебошад, ки аз ин панҷ нафар хонандагон узви ҳақиқӣ ва чор нафар узви вобастаи Академияи хурди илмҳо гардиданд. Албатта, онҳо ифтихори муассисаи мо мебошанд”.

Моҳира Абророва, муаллимаи литсейи инноватсионӣ дар суҳбат гуфт: -Тӯли 8 сол мешавад, ки шогирдонам дар лоиҳаи илмӣ – тадқиқотӣ ширкат мекунанд. Дар ин муддат қариб ҳамаашон сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Нилуфар Ҳамдамова дуюмин шогирди ман мебошад, ки дар озмуни шаҳрӣ, дар бахши рӯзноманигорӣ иштирок намуда, соҳиби «Шоҳҷоиза» — гардид. Инчунин, Таҳсина Идиева дар бахши забон ва адабиёти тоҷик ва Томирис Ҳошимова дар бахши педагогика ва психология ширкат карда, соҳиби дипломҳои дараҷаи 1 ва 3 гаштанд. Ман хеле хурсандам, ки кӯшишу талошҳои шогирдонам барабас нарафт, ҳамаашон бо сари баланд бо дастовард баргаштанд.

МУМТОЗ

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner