• Бахтовар Сафаров
  • 31.01.2019
  • 0

Духтари 19-сола фоҳишахона ташкил кард

Аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 19-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 30-юми январи соли 2019, тахминан соати 14:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳраки Чоруқ-Даррони шаҳри мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғаффуров ва марди 22-солаи сокини шаҳраки Чоруқ-Даррон шароит фароҳам оварда, аз онҳо 480-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ВКД

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner