Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Душанбе ва Суғд чанд соат бебарқ мемонанд

2 ноябр дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10:00 то соати 15:00  интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. 

Дар ин бора ба Pressa.tj аз маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» хабар доданд.

Тибқи итттилои манбаъ, 2 ноябр дар доираи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар Хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Регар 500» — «Душанбе-500», «Ҷануб-Шимол» ва Зеристгоҳи «Душанбе-500» корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда мешаванд.

Дар ин рӯз дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10:00 то соати 15:00  интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Иншооти ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда барқ мегиранд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.