• Mardon
  • 17.05.2019
  • 0

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон даҳшатҳои терроризмро пушти сар кардааст

Дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароӣ рӯ ба рӯ шуда, ин амр боиси талафоти зиёди ҷонию хисороти ҳангуфти иқтисодӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 17 май дар Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» суханронӣ мекард, дар ин замина ба оқибатҳои ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар даҳаи 1990 ишора кард.

Вай гуфт: “Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд”.

Президент таъкид кард, ки аз тариқи саъю талошҳои аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва муколамаи васеи миллӣ ваҳдати милливу суботи ҷомеа барқарор шуд ва хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомез бартараф гардид.

Ҳамзамон, дар солҳои ахир садҳо тан аз ҷавонони тоҷикистонӣ, аз ҷумла, хонаводаҳои онҳо дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат карда ва бархе аз онҳо дар ин набардҳо кушта шуданд.

Зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.

Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе бозгаштанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи “меъёрҳои  дугона” дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро интиқод карда ва гуфт, аз ин гуна мавқеъгирӣ бояд даст кашида шавад. Яъне, террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба аъмоли мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар Афғонистон, Зеландияи Нав ва Шри-Ланка гуфт, “ ин амалҳо баръало нишон доданд, ки террористону ифротгароён ватану миллат, дину мазҳаб надоранд”.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner