• Mardon
  • 18.07.2019
  • 0

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков мушкилоти марзро ҳал мекунанд?

Аз 20 то 25-уми июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара сафар мекунад. Зимни ин сафар қарор аст, Сарвари давлат бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жээнбеков дар Исфара мулоқот ва баъди ин дар ҷамоати Ворух бо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ вохӯрӣ анҷом диҳад…

Ба Эмомалӣ Раҳмон бовар дорам!

Гулӣ, зани 39 — солаи қирғиз, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зиндагӣ мекунад, се-чор рӯз шуд, ки беқарор аст. Ӯ боғчаи пушти хонаашро ба тартиб дароварда, ҷӯйборашро тоза кард, ба тирезаҳояш пардаҳои нав кашид, дарвозаашро ранг кард ва ба писараш фармуд, ки дар симчӯби назди хонааш байрақи Тоҷикистонро овезад. Ин зан интизори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

-21 сол аст, ки дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекунам ва бо тоҷикон ҳамсоя ҳастам. Мо равуо ва додугирифт дорем, кӯдаконамон якҷоя бозӣ мекунанд. Вақте ошӯбҳои охир сар зад, аз ҳама зиёд ман беқарор шудам, зеро шавҳари ман дар Русия бо бачаҳои Ворух кор мекунад. Як савдогари ворухӣ, ба Русия хушкмева мебарад ва шавҳари ман бо тоҷикон онро дар бозор мефурӯшанд. Онҳо 15 сол боз дар якҷоягӣ ризқу рӯзӣ меёбанд. Вақте моҳи март дар сарҳад низоъ шуд, яке аз тоҷикон шавҳари маро мехоҳад аз кор ронад, ӯ хеле зиқ шуд, аммо тоҷикони дигар монеъ мешаванд ва то имрӯз онҳо якҷоя кор мекунанд. Ман ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар дорам. Тариқи телевизион сафарҳои ӯро тамошо мекунам, медонам, ки ӯ ҳар ҷо равад, он ҷо сулҳу ободӣ мешавад. Умед дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба Исфара мушкилоти марзро ҳал мекунад, мардум дигар низоъ намекунанд ва мо чун пештара зиндагӣ мекунем.

Гулӣ, ки номи аслиаш Айгул аст, ягона нафари интизори Президенти Тоҷикистон дар марз нест. Қариб ҳамаи сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ интизори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ҳастанд.

Марз – меҳвари мулоқоти ду сарвар

Дафтари матбуоти Президенти Қирғизистон сафари Сооронбой Жээнбековро тасдиқ кард, вале аз ифшои ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ кардаст. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, ки мушкилоти марз меҳвари гуфтугӯйи ду сарвар хоҳад буд. 

Як манбаъ аз Ҳукумат ба ВАО гуфтааст, ки ҳайатҳои ду ҷониб феълан машғули омодасозии санадҳое ҳастанд, ки бояд барои имзо ба Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков пешниҳод шаванд. Ба гуфтаи манбаъ, ташхиси марз масъалаи аслии гуфтугӯи рӯимизии комиссияи муштараки байниҳукуматӣ аст, ки сари он кор рафта истодааст.

Аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳам хабар медиҳанд, ки як ҳайати мутахассисони харитасоз аз ин ниҳод аз шаҳри Исфара баргаштанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳи мутахассисон масъалаи харитасозӣ дар минтақаҳои ҳаммарзро баррасӣ карданд.

Ба ҳар ҳол мақомдорони тоҷик муътақиданд, ки ҷонибҳо ба тавофуқи ҷиддӣ дар масъалаи марзӣ даст ёфтаанд.

Мақомотҳои дахлдори кишвар ҳанӯз ҳам намехоҳанд, ки ҷузъиёти сафари ду президентро шарҳ диҳанд. Кӯшишҳои мо ҳам барои гирифтани маълумот чӣ дар марказ ва чӣ дар Исфара бенатиҷа анҷом ёфт.

Лаҳзашумории мардум

Субҳи санаи 16 июл дар Ҳукумати шаҳри Исфара ягон нафари воломақомро пайдо накардем. Гуфтанд: “Раис ва муовинон ҳама машғули омодагӣ ба сафари Пешвои миллат ҳастанд”. Воқеан дар роҳи Ворух, раиси шаҳрро бо либосҳои мулкӣ дидем, ки кори афсалтпӯшкунии роҳҳоро назорат мекард. 

Як масъул низ аз ҳукумати Исфара гуфт: «Мо хонаҳоро сафед карда истодааем, роҳҳоро мумфарш карда истодаем, мардум бо хушҳолӣ сафари Ҷаноби Олиро интизоранд. Умед дорем ҳамаи масъалаҳо бо хубӣ анҷом меёбанд».

Воқеан мардуми Исфара хеле серкоранд, онҳо лаҳзашуморӣ мекунанд, ки Президент ба наздашон ояд ва ба шарофати ин сафар мушкилоти марзӣ ҳам ҳал шавад.

Дар роҳи Ворух, профессор Аъзамҷон Азимовро, ки зодаи Ворух буда, феълан дар зодгоҳ истироҳат доранд, вохӯрдам.

“Ман чанд рӯз шуд, ки талошу ҷунбуҷӯли мардуми Исфараро мушоҳида карда истодаам. Мардум интизори Президент ва ҳалли мушкилоти сарҳад ҳастанд. Ман бовар дорам, ки бо омадани Пешвои миллат ин масъала роҳи ҳали худро пайдо хоҳад кард. Мо ҳама тарафдори онем, ки мардум дар сулҳу субот ва амният зиндагӣ кунанд. Равуо дошта бошанд, додугирифт кунанд ва аз ҳама муҳим омилҳои бархестани низоъи милливу марзӣ нест карда шавад”.

Баҳсе, ки ҳар гоҳ дар мегирад…

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Панҷ сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар шуд.

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳар ду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.  

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ масоили марзӣ баррасӣ намешуд, вале дар даврони соҳибистиқлолӣ ин мушкил омили сар задани даҳҳо низоъи хурду бузург шуд.

Охиран моҳи марти соли равон миёни сокинони ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтида, зиёда аз 20 нафари дигар захмӣ шуданд. 

Пас аз ин даргирӣ миёни мақомоти тоҷик ва қирғиз музокирот оғоз шуд. Дар музокироти нахустин вазирони корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Қашқар Чунушалиев ҳам иштирок доштанд. 

Коршиносон мегӯянд, ки мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро фақат роҳбарони кишварҳо метавонанд ҳал кунанд. Бинобар ин, сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ омадани президентҳоро лаҳзашуморӣ мекунанд.

Одил Нозир,

Душанбе-Исфара-Боткент

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner