• Бахтовар Сафаров
  • 24.05.2019
  • 0

Фестивали «Мо насли хушбахти замон» баргузор мегардад

30 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии  «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони «Мо  насли  хушбахти  замон» доир мегардад. Хамчунин, иштирокчиёни фестивал дар барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ, ки 1 июн дар театри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар бораи баргузории фестивали мазкур  қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, хабар медиҳад Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ,  дар Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони «Мо  насли  хушбахти  замон»  иштироки  зиёда аз  200 нафар наврасон аз  тамоми  ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст.

«Иштирокчиёни фестивал аз маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуда, дар бозиҳои варзишӣ аз қабили, футбол, волебол, баскетбол, шоҳмот, шашка ва ғайра ширкат меварзанд», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner