• Mardon
  • 05.07.2019
  • 1

Фирӯза Сатторӣ: Мурдаро монда, доира назанед!

Занкушӣ, шавҳаркушӣ, фарзандкушӣ, падаркушию модаркушӣ, худсӯзиву худкушии занону духтарон-ин падидаҳои номатлуб солҳои охир мисли заҳрпечак дар кишвари мо торафт бештар доман паҳн карда истодаанд.

Костагии маърифати оиладорӣ, ҳамасола ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қисми зиёди ҷавонмардони тоҷик, рашк, бекорӣ, мушкилоти иқтисодӣ, паст будани сатҳи дониш ва саводнокии занону духтарон, аз тарбия дур мондани кӯдакону наврасон инҳоянд сабабҳои асосии вайроншавии ахлоқи ҷомеаи мо ва афзудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар кишвар мебошад.

 Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисае аст, ки чанд рӯз қабл дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Дар рӯзи равшан се бачаи ноболиғ, ки як духарчаи шашсоларо ба панҷара баста оташ заданд! Магар ин ваҳшат нест? Бо ин ҳол мо ба куҷо равонаем?!

Чизе, ки маро беш аз ҳама ба шигифт ва ҳамзамон ба ғазаб меорад, бепарвоӣ ва бетарафии ҷомеа ба ин ҳодисаҳои нангин мебошад. Магар мубориза бо ыиноят  танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст?!

Ягон инсон дар як рӯз ҷинояткор намешавад? Ҳар як ҷинояте, ки содир мешавад, решаҳои амиқ дорад. Ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи хонаводагӣ, набудани боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, рашк, хусумату бадбинӣ моҳҳо ва баъзан ҳатто солҳои дароз идома ёфта, билохира кор то ба куштору ҷиноят мерасад. Чаро мақомотҳои маҳаллӣ бо оилаҳои носолим кор карда, пеши роҳи ин ҷиноятҳоро намегиранд? Куҷоянд пирони деҳ, ки ҷавононро насиҳат кунанд, роҳи дурусти зиндагиро ба зану шавҳарони ҷавон нишон диҳанд?

Ҷамоат чӣ? Бубахшед, вале ба назари банда чунин мерасад, ки солҳои охир вазифаи ҷамоатҳо танҳо заминтақсимкунию заминфурӯшӣ шудааст. Кӣ киро мезанад, кӣ киро мекушад, ба назари эшон ин танҳо мушкили милисаю суд аст!

Дар тамоми ноҳияҳо бахши кор бо занон ва оила вуҷуд дорад ва ҳамасола чандин озмунҳо мегузаронанд. Албатта, тарғиби чакан ва гесӯи дароз хуб аст, аммо ман фикр мекунам, ки пешгирии ҷиноятҳои мудҳишу зӯроварии оилавӣ ва бехатарии ҳаёти занону духтарони тоҷик бояд хеле болотар ва авлотар аз ин бошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар тамоми дунё чизе қиматтар аз худи инсон ва ҳаёти ӯ нест.

 Фирӯза Сатторӣ,

сармуҳаррири сомонаи Oila.tj

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Шабнам-80:

    Муаллимаи азиз!
    Бисёр андешахои чолибро матрах кардаед. Мо-дар хамабастаги бо кудакону наврасон кор набарем, ки мебарад. Хамаруза дар чамоатхои шахраку дехоти нохияхо гуруххои кори амал мекунанд, харчи бештар корхои фахмондаидихи барем, боз хамон кадар чиноят зиёд шудааст. Бештари мудирони САХШ ва аксари муовинони идеолигии шахру нохияхо оила солим худ ё фарзандонашон надоранд, пас мо чи тавр чавонону наврасонро ба рохи рост хидоят менамоем???

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner