• Бахтовар Сафаров
  • 21.08.2019
  • 0

Фоҷеа дар Конибодом ва қаҳрамонии капитан Иброҳимов (Видео)

Капитан Фаррух Иброҳимов дар рухсатии меҳнатӣ, дар зодгоҳаш қарор дошт. 8 -уми август дар хонаи ҳамсояаш воқеъ дар шаҳри Конибодом сӯхтор ба амал меояд. Номбурда бо мақсади наҷот ба хонаи ҳамсояаш даромада, мехост кудакеро аз сӯхтор наҷот диҳад. Аммо кудакро аз дами оташ наҷот дода, дар вақти фурӯ рафтани боми хона худ ба коми оташ меафтад.

Сокинони шаҳри Конибодом ӯро фавран ба беморхонаи марказии шаҳр меоранд. Ба капитан табибон кумаки аввалия мерасонанд. Дар натиҷа, мутахассисони тиб маълум кардаанд, ки 85 фоизи бадани Фаррух Иброҳимов сӯхтааст. Мутаассифона, табибон ҷони ин ҷавонмарди далерро ҳифз карда натавонистанд ва бо гузашти 4 рӯзи ҳодиса капитани милитсия Фаррух Иброҳимов ба ҳалокат расидааст.

Ба таъкиди Раҳимзода, чунин диловариро капитан Фаррух Иброҳимов, муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД бар ивази ҷон анҷом дод. Афсари ҷавон ҳамагӣ 27 сол дошт. Афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид.

Фаррух Иброҳимов 23 октябри соли 1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, дар оила фарзанди нахустин буд. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Перм таҳсил карда, баъди хатм фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РКД ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner