Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фурӯши маҳсулоти арзон дар Рӯзи милитсия

8-уми ноябри соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмарка-фурӯши маводи хӯрока доир карда шуд.

Ин ярмарка бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ  ба хотири  ғанӣ гардонидани дастархони кормандон ва таъмини маҳсулоти хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон баргузор гардид.

Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас наздик аз 30 то 40 фоиз нисбатан ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд. Дар ин чорабинӣ хоҷагиҳои ёрирасон ба харидорон гушт, биринҷ, пиёз, тухм, картошка, нахуд, сабзӣ, карам ва дигар сабзавот, инчунин ҳама гуна шириниву мевагиҳоро пешкаши харидорон намуданд.



Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.