• Mardon
  • 12.07.2019
  • 0

Фурудгоҳи Хуҷанд дар Душанбе кӯпрукро навсозӣ мекунад

Кӯпруки  мошингарди  хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва   пиёдароҳи он  то буриши хиёбони Сино навсозӣ  мегардад. Ҳамчунин, равшанидиҳии хиёбони мазкур ба таври  муосир  ба роҳ монда мешавад.  

 Тавре ки аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, лоиҳаи иншооти мазкур  дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 8 майи соли равон аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия  гардидааст. Лоиҳаи номбаршуда аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» татбиқ мегардад.

Тибқи қарори марбута  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба  корҳои сохтмонӣ  оғоз менамояд.  Дар асоси ин қарори Раиси шаҳр Ҷамъияти мазкур  баъди анҷоми  корҳои сохтмонӣ  иншоотро барои мавриди истифода қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод менамояд.

Дар қарори номбаршуда омадааст, ки  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ  ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»  дар раванди корҳои сохтмонӣ бо ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба хатҳои муҳандисии мавҷуда мусоидат намояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner