• Mardon
  • 11.09.2019
  • 0

Хабарро оянда аз куҷо дарёфт бояд кард? Аз Мессенҷер!

Бар асоси як пажӯҳиши минтақавӣ дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тамоюли дарёфти хабар на аз сомонаи иттилоотӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ, балки аз тариқи Mессенҷерҳо рӯ ба афзоиш будааст.

Ҷазгул Иброҳимова, ҳамоҳангсози Институти инъикоси ҷангу сулҳ ё IWPR дар Осиёи Марказӣ рӯзи 11 сентябр зимни муаррифии натоиҷи як пажӯҳиш дар мавриди “Дарёфти хабар дар сомонаҳо дар Осиёи Марказӣ”  дар шаҳри Душанбе  гуфт, ки феълан хонандагони Тоҷикистону Ӯзбекистон матолиби хабариро умдатан аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук дарёфт мекунанд.

Ин дарҳолест, ки дар Қазоқистону Қирғизистон ин нақшро Istagram иҷро мекунад.

Масалан, тибқи ин таҳқиқот сокинони Тоҷикистон 54 дарсади матолиби хабариро тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбук  ва 36 дарсадро аз тариқи Одноклассники дарёфт менамоянд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, дар Қазоқистону Қирғизистон, ки қимати Интернет арзон ва суръаташ баланд аст, тамоюли дарёфти матолиби хабарӣ тавассути Мессенҷер рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Вале ин раванд дар Ӯзбекистон ва бахусус, Тоҷикистон, ки арзиши Интернет нисбат ба Қирғизистону Қазоқистон 4 баробар зиёд буда ва суръати он хеле паст аст, марҳилаи гузариш ба Мессенҷер то андозае тӯл хоҳад кашид.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner