• Administrator
  • 03.02.2019
  • 6

Хадамоти алоқа: Ягон мушкилот надорем

«Як сол боз суроғаи шуморо мекобем. Он мақолае, ки дар хусуси хизматрасонии «Почтаи тоҷик» навишта шуда буд, хондем.  Ба мо супориш шуд, ки  ҷавоби расмӣ фиристем, аммо то ҳол шуморо намеёбем», — мегӯяд муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон».

28 январ мувофиқи нақша нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.  Дар он шахси аввал, яъне роҳбари ин хадамот Бег Сабур ҳузур надошт ва мисли ҳарвақта дар сафари корӣ будааст. Муовинони сардори Хадамоти мазкур Адолат Абдураҳмонзода, Илҳом Атоев  ва роҳбарияти зерсохторҳои Хадамоти алоқа — ҶСК «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи тоҷик», Маркази мутобиқгардонии электромагнитӣ дар нишаст иштирок намуда, ҳисоботи худро пешниҳод намуданд ва ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфтанд.

Дар нишаст ироа гардид, ки даромади умумии Хадамоти алоқа ва операторони хусусӣ дар соли сипаригардида 2613 млн. сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба соли 2017  59 млн. сомонӣ камтар аст.

«Вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавзеъҳои дурдаст дастрас намудани алоқа тамоми кӯшишу ғайрат равона карда мешаваад» — омадааст, дар варақаи иттилоотии Хадамот.

Муовинон ба саволи рӯзноманигорон оид ба баланд шудани нархи сим-кортҳо ҳамин қадар посух гуфтанд, ки «тағйирот шавад, ба шумо хабар медиҳем» ва дигар тафсилоти бештар надоданд. Дар хусуси он, ки чаро интернети мо нисбат ба интернети ҳамсоякишварҳоямон гаронтар аст, Илҳомҷон Атоев  посух гуфт, ки «нархи сӯзишворӣ дар Бишкек бинед чӣ қадар асту дар мо чӣ қадар? Ман наменолам- ку». Ҳамаи рӯзноманигорон дар ҳайрат буданд, ки чӣ тавр метавонад, нархи интернет ба сӯзишворӣ алоқаманд бошад. Шояд Хадамоти алоқа интернетро бо мошинҳои боркашон меорад?

Ҳамчунин, рӯзноманигорон кӯшиш намуданд, ки оиди чанд масъалаи дигар, аз ҷумла оиди суръати пасти интернет посух гиранд.  Ба гуфтаи муовини раиси Хадамоти алоқа, ба ин масъала буҳрони иқтисодӣ таъсири калон расонида, ба ширкатҳои мобилӣ иҷозат надод, технологияи 4G, технологияи пешрафтаи интернети баландсуръатро дар саросари Тоҷикистон ҷорӣ кунанд.

Мутахассисони байналмилалӣ ҳам мегӯянд, баъзе аз гуфтаҳои Илҳом Атоев ҷой дорад. Ба қавли Кевин Мейнел, коршиноси созмони байналмилалии Internet Society, мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистони зиёд, васл набудан ба хатҳои баландсуръати интернет ва гарон будани нигаҳдории зербунёдҳо омилҳое ҳастанд, ки интернетро дар Тоҷикистон суст ва гарон кардаанд. Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар ҷойи охир қарор дорад. Дар гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябри соли гузашта омадааст, ки интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бо суръати 4,97 мегабит дар миёни 124 кишвар аз ҳама суст аст.

Аммо Илҳомҷон Атоев мегӯяд, онҳо суръати интернетро дар зарфи як сол хеле боло бурданд. «То соли 2018 Интернет ба Тоҷикистон бо суръати 10 гигабит дар як сония ворид мешуд. Охири соли 2018 ин нишондоди техникиро ба 20 гигабит оварда расондем”,- гуфт номбурда.  Атоев  ваъда дод, ки агар мардум сабр кунанд, то миёнаҳои имсол суръати интернетро ба 50 гигабит мерасонанд. Қарор аст, тарҳи муштараки минтақавии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон бо номи “Digital CASA” амалӣ шавад, ки ҳадафи он дастрасӣ ба интернети баландсуръату арзон барои кишварҳои минтақа аст. Барои иҷрои тарҳи мазкур Бонки ҷаҳонӣ 92 миллион доллар ихтисос додаст.

Як сабаби чунин азият кашидани муштариён ба қавли коршиноси байналмилалӣ Кевин Мейнел, ки охири соли 2018 ба Тоҷикистон омадааст, «молиёти зиёд бастани ширкатҳои мобилӣ ва равзанаи ягонаи интернет аст».

Равзанаи ягона дар дасти ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст, ки онро моҳи январи соли 2016 таъсис доданд. Равзана “Маркази ягонаи коммукатсионӣ” ном дорад ва тамоми ширкатҳо бояд интернетро аз ҳамин шабака бигиранд. Солҳои қабл ширкатҳои мухобиротӣ Интернетро аз Қирғизистон ва кишварҳои дигар мегирифтанд ва шикоят аз суръат ба ҳадде набуд, ки ҳоло ҳаст.

Дар байни хизматрасониҳои Хадамоти алоқа танҳо КВД «Почтаи тоҷик» даромади нисбатан зиёд ба даст овардааст, ки он 8,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он нисбат ба соли қаблӣ 2,8 млн. сомонӣ зиёд аст. Бо вуҷуди он ки хидмати ин КВД қариб ки ба чашм намерасад, бо даромад ба даст овардааст, ки лоиқи таҳсин аст.

Ҳол он ки муаллифи ин сатрҳо 18 июли соли 2018 зери унвони «Почтаи тоҷик» ва оқибати ҳарос аз рақобат”  мақола доир ба натиҷаи таҳқиқоти 3 — моҳаи худро ба нашр расонда буд. Барои мисол,  фактҳои онро баён намудам. Атоев дар посух мегӯяд, ки як сол боз суроғаи маро меҷӯяд.

Пас аз ин пурсишу посухҳо ба худ хулосае баровардам, ки  шояд онҳо посухи расмиро навиштаанд, вале ҳамон почтаи сердаромад, моро наёфт, ки оварда расонад. Дар он тадқиқоте, ки нашр гардида буд, ба   чор минтақаи Тоҷикистон: вилояти Бадахшон (ноҳияи Роштқалъа), вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд), вилояти Хатлон (ноҳияи Балҷувон) ва НТМ (ноҳияи Варзоб, минтақаи аз ҳама наздиктарин) мактуб фиристодам.  Мактубе, ба минтақаи наздиктарин фиристода будам таърихи 30-юми июн баъди 72 шабонарӯз ба Варзоб ба ҷамоати деҳоти “Лучоб” расид. Дар 72 рӯз «Почтаи тоҷик» мактуби моро ба масофаи 18,5 км ба посёлкаи Варзоб расониданд. Аҷоибот дар он аст, ки номаҳои дигар, ки мо таърихи 19 апрели соли 2018  ба Хуҷанду Балҷувон фиристода будем, то замони нашр ҳанӯз нарасида буд.

Пайи таҳқиқи ҳамин мавзӯъ дар сомонаи tajikistantaimes.com назарпурсӣ миёни хонандагон гузаронидем. Саволи матраҳ ин буд, ки оё ба хизматрасонии «Почтаи тоҷик» боварӣ доред? 52%-и хонандагон изҳор намуданд, ки дар бораи мавҷудияти «Почтаи тоҷик» маълумот надоранд. Танҳо 23 % аз мавҷудияти почта хабар доранд, аммо аз кораш норозиянд.

Саодат Розиқзода,

«Тоҷикистон»

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Ддддддддд:

    Нобарот сусту сустар. Интернет точикистонда шдестас

  • Тохир:

    Алокаи Точикистон ба хамагон маълум аст,ки ягон мушкилот надорад,мушкилот дар худи коргарони алока мебошад.

  • Тохир:

    Акнун дар бораи интернеташ сухан нагуфтанам бехтар аст

  • Одам:

    Сабаби асосии сифати пасти кори алока, ин набудани дигар ширкатхои хизматрасон. Конкурент набошад, монополист ба харчи зиедати ва вориди технологияхои наву сифати хуби хизматрасони харакат намекунад!!! Назорат набошад, пешрави нест! Назорат ин натанхо фишор овардан, балки Боз баррасии шикоятхо, пешниходи хизматрасонии хуб хам мебошад. Дар шахрхои МО (алалхусус Истиклол) барои пайвасти интернет, тарики телефони хонаги, Аз ширкати Точиктелеком, кормандон Бо бахонаю сабабхои номаьлум зиеда аз як мох медавонанд. Агар маошашон аз руи хизматрасони мешуд, кор сурати дигар мегирифт.

  • Алокачи:

    Точиктелеком дар холати нест шави карор дорад
    чунки коргаронро ихтисор карда истодиян факат халк дар азоб онхо намедонанд ба ки мурочиат кунанд то телефонхояшон ба кор дарояд. Гуё Точиктелеком истехсолот асту планхо ичро нашуда истоаст.Точиктелеком ин корхонаи ба халк хизмат расонанда аст бе коргарон ба пеш намеравад.

  • Anonymous:

    Сука шмора зинда базинда пуст кадан даркорай

Назари худро нависед

Leave a Reply to Алокачи Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner