• Маҳинаи Давлат
  • 31.05.2018
  • 0

“Хадамоти ҷустуҷӯӣ” 16 нафарро пайдо кард

Ҳамасола аз 1 то 31 май дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар моҳи моҳвора ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин сана ва Рӯзи кудак дар Тоҷикистон мизи мудаввар багузор гардид, ки дар он директори барномаи хадамоти ҷустуҷӯии Кумитаи Салиби Сурх, намояндагони дигар шуъбаҳо ҳамчунин намояндагони ВАО иштирок доштанд.

 Зулфия Нуралиева, намояндаи хадамоти ҷустуҷӯӣ дар суҳбат ба мо гуфт: мақсад аз фаъолияти  хадамоти мазкур пайдо намудани одамони гумшуда  мебошад. Дар  солҳои 2017-2018  аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 181 дархости ҷустуҷӯӣ  ворид шуд, ки  онҳоро ба дигар кишварҳои ҷаҳон равон намудем. Аз ин шумора танҳо 16  дархост ҷавоби мусбӣ пайдо намуда ба пайвандонашон ирсол карда шуд. Дар ин муддат аз  дигар киварҳои ҷаҳон ба унвонии мо 48 дархост ворид гардед, ки то имрӯз11 нафари онҳо бо хоҳиши худашон ба ҷойҳои лозимӣ фиристода шуд.

Кумитаи байналмилали Салиби Сурх барои чунин модаронро ҷамъ овардан мизи мудаввар ташкил карда, онҳоро сари як пиёла чой даъват намуда, ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, равонӣ диҳанд. Як  зане, ки дар чунин ҷамъомадҳо даъват мешавад, гуфт, ки вақте бо бонувон ҷамъ мешавем, аламҳои диламонро ба якдигар холӣ мекунем ва боз роҳи хонаро пеш мегирем.

Воҳида Алиева, ки намоядаи шуъбаи муҳофизати КБСС буда, қайд кард, ки  пайдо кардани гурезагон ва ё гумшудагони ҷанги шаҳрвандӣ, зиндаю саломат  қариб, ки номумкин аст. Аввалин қадами гузоштаи мо дар зангҳои видеоӣ аз баргардонидани чор кӯдак аз ятимхонаи Ироқ мебошад ва ин таҷрибаи аавал буд, минбаъд низ то қадри имкон амалӣ менамоем.

Барномаи “Хадамоти ҷустуҷӯ”-и Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар 182  кишвари ҷаҳон  амал мекунад. Дар кишвари мо бошад муддати 25 сол аст, ки  фаъолият карда, дар панҷ минтақа, вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ минтақаи Кӯлоб ва Рашт  намояндагии  худро дорад.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner