Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хатлон: 6 ҳазор сокин ҷойи корашонро аз даст доданд

Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 188 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст, ки дар натиҷа, 6 ҳазор шаҳрванд ҷоий кории хешро аз даст доданд.

Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 188 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст, ки дар натиҷа, 6 ҳазор шаҳрванд ҷоий кории хешро аз даст доданд.

  Хайрулло Амонулло, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар маҷлиси ҷамъбастии 5 моҳа, ки ҳафтаи сипаригардида баргузор гардид, гуфт, ки аз 512 корхонаи ҳудуди вилоят давоми соли равон 188 корхона фаъолият накард, ки аз ин ҳисоб шумораи нафарони бекор боз ба 6 ҳазори дигар афзуд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 39, Данғара 14, Қубодиён 10, Ёвон 10, Дӯстӣ 8, Левакант 8 ва Абдураҳмони Ҷомӣ 8 корхона тамоман фаъолият накарданд, ки ба буҷети вилоят хисороти зиёд расидааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахш 92 корхона, Дӯстӣ 83, Ҷайҳун 86, Шаҳритус 56 ва Ҷалолиддини Балхӣ 85 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам карданд.

21 корхона ва 47 коргоҳи дӯзандагии вилоят бошад нақшаи истеҳсолро танҳо 10 дарсад иҷро кардаанду халос. Корхонаҳои дӯзангии шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ ва Фархор солҳои зиёд аст фаъолият надоранд.

 Аз 17 корхона ва коргоҳҳои равғанбарории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6 адади онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Фархор ва Панҷ аз фаъолияти 5  моҳаашон умуман ҳисобот пешниҳод накардаанд.

             Машраби Аловиддин

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.