• Mardon
  • 19.09.2019
  • 0

Хатлон: Қарзи андоз ба 176 миллион сомонӣ расид

 Ба иттилои Абдурозиқ Солиев, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон ҳаҷми қарзи андоз дар вилоят ба 176 миллиону 147 ҳазор сомонӣ расидааст, ки аз ин 116 миллионаш қарзи мушкилситон ҳисобида мешавад. 

  Ба гуфти манбаъ дар вилоят 6 ҳазору 106 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 12 ҳазору 260 андозсупоранда ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, 26 ҳазору 203 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ва зиёда аз 58 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.

  Омили асосии зиёдшавии қарзи андоз дар иҷро накардани саривақтии уҳдадориҳои андозсупорандаҳо аст, гуфт ӯ.

 Аз ҳама бештар қарздорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кулоб, Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара ва Фархор мавҷуд аст.

Машраби Аловиддин

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner