• Бахтовар Сафаров
  • 03.07.2019
  • 0

Хатлон: Маркази мубориза бо сил беҳбудӣ мехоҳад

Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон марказҳои мубориза зидди беморҳои сил бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Аммо шуъбаи полиативии Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон – ягона шуъба дар минтақаи Бохтар — ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Ин шуъба дар шафати Беморхонаи рақами 2-юми деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён ҷойгир аст. Биное, ки аз даврони собиқ шӯравӣ то ба имрӯз мавриди истифода қарор дошта, ҷо-ҷо фарсуда шудааст, оё мешавад бо як таъмири косметикӣ ё худ сатҳӣ онро ҷавобгӯй ба талабот кард?       

Иншооти номувофиқ

Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилояти Хатлон соли 2013 ифтитоҳ гардида, дорои шароити муосири табобат аст. Дар марказ 60 кати хоб мавҷуд буда, таҷҳизоти муосири тиббӣ фароҳам аст.  Масъалае, ки ҷойи нигаронӣ дорад, ин дар як бино бистарӣ кардани беморони сили фаъоли мусбат ва сили фаъоли манфӣ аст. Шамсулло Олимзода, директори маркази зикршуда гуфт, мувофиқи талабот бояд беморони хориҷкунандаи микроб аз бемороне, ки микроб хориҷ намекунанд, ҷудо бистарӣ карда шаванд. Аммо дар ин ҷо чунин нест. Утоқи кормандони тиб низ дар паҳлуи ҳуҷраи беморон воқеъ аст, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Бояд бемор аз ҳуҷрае, ки бистарӣ аст, 3 долон (ҳуҷра) гузашта, баъд вориди шуъбаи қабул шавад. Вале чунин талаботи муҳим дар вақти сохтани бино ба инобат гирифта нашудааст.

Табобат бо пули андак?

Ба иттилои Шамсулло Олимзода, имрӯз барои як гирифтори бемории сил аз 5 то 8 сомонӣ ҷудо мешавад, ки маблағи ниҳоят кам аст. Мувофиқи меъёри табобати бемории сил, бояд дар як рӯз барои ҳар як бемор на кам аз 60 сомонӣ ҷудо карда шавад, то ин ки дар баробари табобати ройгон, бо хӯроки серғизо ҳам таъмин карда шавад. “Аз сабаби кам ҷудо шудани маблағ мо имкони таъмини доимии беморон бо хӯроки серғизоро надорем. Бояд иммунитети онҳо беҳтар карда шавад, то тезтар шифо ёбанд. Дар нисфирӯзӣ бояд ба беморон ду навъ хӯрок дода шавад, аммо ин ҷо чунин нест”, — гуфт Шамсулло Олимзода ва илова кард, ки солҳои пеш ташкилотҳои башардӯст ба мо ёрии молиявӣ мерасониданд, аммо давоми ду соли охир аз таваҷҷуҳи онҳо ҳам дур мондаем.

Посухи мухолиф

Дар ҳамин ҳол Файзалӣ Ҷумъаев, мудири шуъбаи ташкилӣ, хизматрасонӣ ва бистарикунонии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, иддао кард, ки беморони сил бо чор вақт хӯроки серғизо таъминанд. “Давоми соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони Ҳукумати кишвар дар Маркази мубориза бар зидди бемории сил дар вилоят санҷиш гузаронидем. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки беморон бо чор вақт хӯрок таъминанд”, — афзуд ӯ.

Вале чун мо аз мушоҳидаҳои шахсии рӯзҳои охир сухан кушодем, ин нафари масъул моро дар тааҷҷуб гузошта, гуфт, ки “Дар вақти санҷиш таъмин буданд. Аммо агар гӯем, ки беморон сад дар сад бо чор вақт хӯрок ҳамавақт таъминанд, чунин нест”.

“Солимии ҷомеа боигарии давлат аст”, — таъкид мекунанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Агар чунин аст, пас, масъулони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки ба масъалаи нигоҳубини боз ҳам беҳтари беморони сил, таъмини шароити мусоид барои беморон ва ҳамзамон, кормандони соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner