Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хизмати “хирсона”: Чаро забони яғнобӣ ҳифз намешавад?

Забони яғнобӣ забонест басо қадимӣ ва дар ҳоли замон бисёр нодир. Ин забон як шеваи забони қадимаи суғдӣ буда, барои таърихи куҳан мебошад. Чаро  ин забони қадимаи суғдӣ, ки таърихи ҳазорсола дорад, айни замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст?

 Дар водии Яғноб то асри XVIII-XIX забони суғдӣ арзи вуҷуд дошт ва дар қисмати душворгузари Яғнобдара бошад, то замони мо ин замон боқӣ мондааст. Дар гузашта мардуми Суғдзамин дар Панҷакенту Самарқанд ва Истаравшану Бухоро бо ин забон муошират мекарданд, вале бо мурури замон дар зери таъсири забони порсӣ монда, хеле тағйир ёфт. Тадриҷан он аз забони адабие, ки дар Самарқанд роиҷ буд ва кулли матнҳои суғдӣ, ки бо он забон навишта шудаанд, каме фарқ мекунад. Ба ҳар ҳол, шарқшиносони машҳур, ки ин забонро тадқиқ кардаанд, чун А. Фрейман, В. А Лившитс, О. И. Смирнова ва ҳамчунин шарқшиносони хориҷӣ қайд кардаанд, ки ин забон қимати пурарзиш дорад. Маҳз бо туфайли ин забон матнҳои бадастомадаи суғдӣ хонда шуданд ва бисёр саҳифаҳои норавшани халқи тоҷик аниқ гардиданд.              

 Дар ҳоли ҳозир вазъи ин забон дар ҳолати нобудӣ қарор дошта, баъзе яғнобиён ин забонро қариб фаромӯш кардаанд. Дар баъзе маҳалҳо танҳо калонсолон бо ин забон гуфтугӯ мекунанд ва ҷавонон майли бо ин бо ин забон гап задан надоранд. Дар ҷумҳурӣ қисми зиёди аҳолӣ доир ба забони яғнобӣ маълумот надоранд. Ман ҳамчун як нафар соҳибзабон гуфта метавонам, ки ба косташавии забони яғнобӣ сиёсати нодурусти Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонда буд. Соли 1970 Ҳукумати Шӯравӣ мардуми Яғнобзаминро ба таври маҷбурӣ ба гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон пароканда намуд. Хусусан, ба ноҳияҳои Зафаробод, Ҳисор, Варзоб ва ғайра ин мардумро ба таври маҷбурӣ кӯчониданд. Ин кӯчониданҳо ғамхорӣ набуда, танҳо ба хотири рушди соҳаи хоҷагии деҳот буд, то ин мардуми заҳматкаш шӯразорҳоро гулкор кунанд. Ин хизмати “хирсона” сабаб гашт, ки мардуми Яғноб расму оин, анъана ва ҳатто забони худро дар натиҷаи парокандагӣ аз даст дод ва ин диёри зебоманзарро шабеҳ ба чуғзхона гардонд.               

 Пеш аз кӯчи иҷборӣ, Яғгобдара аз 32 деҳаи ободу зебо иборат буд, наздики 4000 аҳолӣ дар он зиндагӣ дошт. Аз ин миқдор 3194 нафар ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир шуданд. Боқимонда пеш аз муҳоҷиркунӣ ба ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор ва шаҳри Душанбе кӯч бастанд. Танҳо баъди ҳашт соли муҳоҷиркунӣ теъдоди ками яғнобиёни боҷуръат ба таври пинҳонӣ ба сарзамини хеш баргашта, аз нав чароғҳои мурдаро фурӯзон карданд. Ҳозир 15 деҳаи Яғноб нисбатан обод аст, дар онҳо тахминан 80 хонавода, наздики 500 нафар аҳоли зиндагӣ мекунанд.              

 Пеш аз кӯчи иҷборӣ иҷрокунандагони сиёсати шӯравӣ бо ин мардум мегуфтанд: “ Тамоми  иқдоми пешгирифтаи мо барои хубии шумост”. Бо чормағзи пуч бағали эшонро пур мекарданд, ваъдаҳо медоданд, ки шуморо ба ҷойҳои хубу зебо мекӯчонем, то зиндагии шоиста дошта бошед. Вале ҳайҳот ин суханони хушку холӣ буд. Яғнобиёни сода намедонистанд, ки онҳоро танҳо ба хотири рушди пахтакорӣ ба ноҳияи Зафаробод мекӯчонанд. Дар биёбони тоқатфарсои Мирзочӯл шароити одитарини беҳдошт вуҷуд надошт, аз ин рӯ, дар солҳои аввал аксарияти тифлону кӯдакон мефавтиданд. Ба ҷуз кори пурмашаққат ва заҳролуди пахтакорӣ, ҳукумати вақт шароит фароҳам наовард, то ин ки ин мардум забону фарҳанги худро ҳифз ва рушд кунад.

  Акнун ин забон пурра аз байн нарафтааст, бояд бар он кӯшем, то онро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳем. Нагузорем, ки ин забони ниёконамон аз байн равад ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки он барои насли оянда мерос монад. Агар ба ин кор имрӯз ба таври ҷиддӣ даст назанем, баъди 10- 20 сол фақат афсӯсхӯрӣ ва айбдоркунии насли кунунии аҳли илм ба мерос мемонаду халос.

Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Рамазон Саид 07.10.2019 18:12

    Баръакс яғнобиёни Зафаробод забонро фаромӯш накардаанд бал ки бештари аз тоҷикзабонҳо дар инҷо бо забони яғнобӣ озод ҳарф мезананд бовар накуни биёву бин. Яғнобиёни Душанбе аксарият забонро фаромӯш кардаанд ҳатто базеи онҳо пеш аз муҳоҷират ба онҷо рафӣаанд гапҳои беҳуда назан нагу ки мардум намнфаҳманд. Ту худ забони яғнобиро оё медони? Яғнобиёни Зафаробод нангу ор дорад ягонташ гум накардааст балки яғнобиёни Душабе ва гирду атрофи он бовар дорам ки 70-80% ҷавонон намедонанд. Дар ин бора сиёсатро гунаҳгор накунед айбро аз худатон ҷуед дар замони Шӯрави ҳеҷ кас ҳақ надошт ин гууна суханҳоро бигуяд акнун ки пош хурд дигар нест худро шер нагир!

Ваш e-mail не будет опубликован.