• Бахтовар Сафаров
  • 06.09.2019
  • 0

Сафирон мафтуни Ховалингу Балҷувон шуданд (Видео)

31 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафирон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон,  аз ҷумла Россия, Британияи Кабир, Афғонистон, Эрон, Қатар, Ҳиндустон, Қирғизистон, Қазоқистон  ва дигар  кишварҳо  ба ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинги  вилояти Хатлон сафар намуда, аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои ҷаззоби он дидан намуда, бо ёдгориҳо, урфу одати мардуми тоҷик  аз наздик шинос шуданд.

Хуррамшаҳри мафтункунанда

Нахуст меҳмонон  дар ноҳияи Данғара таваққуф намуда, аз Маркази фароғатии Хуррамшаҳри ноҳия, ки бо нозуктарин санъати меъморӣ бунёд гардида, яке аз маъруфтарин маконҳои диданиву тамошобоб мебошад, дидан намуданд. Ин маркази бошукӯҳи фароғатӣ бо истифода аз анъанаҳои меъмории бостонии ниёкон ва ороишоти замонавӣ бунёд ёфтааст.

Он иборат аз якчанд толори хурду бузург буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтаанд. Гуногунрангии ороишот ба ҳаддест, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такроран дида намешавад. Кандакориҳои рӯйи чӯб, санг ва гаҷ, ки бештарашон дар болои оина ҳаккокӣ шуданд, ҳар яке аз дигаре дилработаранд. Дар ороиши он, ҳамчунин, осори меъмории шаҳрҳои қадимаи тоҷикон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамаи ин зебогӣ, тароват ва дилчаспӣ меҳмононро чунон ба ваҷд овард, ки аз тамошои ин манзараҳои дилфиреб сер намешуданд.

Сафирон гирди хони тоҷикӣ

Пас аз сайри Данғара меҳмонон ба самти ноҳияи Ховалинг раҳсипор гардиданд. Қад — қади роҳ аҳли деҳаи Лоҳутӣ меҳмононро  гарму самимӣ истиқбол  гирифта, ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Кадбонуҳои чирадасти ноҳия  меҳмононро ба хӯрдани   нони чаппотӣ, оши  бурида ва дигар хӯрокҳои миллӣ даъват мекарданд. Меҳмонон низ бо камоли майл таомҳои болаззати миллиро мечашидаанд ва аз чеҳраашон маълум буд, ки шефтаи хӯрокҳои тоҷикӣ шуда буданд.

Ансорӣ Валиев, яке аз сокинони ноҳияи Ховалинг  меҳмононро ба хонааш даъват намуда, онҳоро тибқи расму оини тоҷикӣ меҳмондорӣ намуд. Бо дидани хони намунавию миллии тоҷикона хориҷиён рӯҳбаланд шуданд.  

Профессор Зафар Мирзоиён, шарқшинос ва устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳангоми сайру саёҳат меҳмононро роҳбаладӣ мекард. Хориҷиён аз мавзеи Таги Ҷар,  бозёфтҳои  таърихии мавзеъҳои  Чипеволу  Чилчанор,  Сангтӯда, Чашмаи Қазон, боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ховалинг, осорхона ва Хона-музейи шоири шодравон Ҳабибулло Файзулло дидан намуда,  оид ба таърихи  ин минтақа   маълумоти  муфассал  пайдо намуданд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори  “Тоҷикистон” сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ  Собирӣ зикр намуд:

“Ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон диданӣ аст.  Дар ин ҷо ман хеле эҳсоси хубе дорам. Аз ҳамватанони худам дар Эрон даъват мекунам,  барои сайру саёҳат ба кишвари ҳамзабон ва дӯст — Тоҷикистони азиз ташриф оранд”.

Дуои сафири Ҳиндустон барои тоҷикон

Дар ноҳияи Ховалинг  сайёҳонро тамошои  оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ хуш омад.

Бояд гуфт, ки Мазори Ҳазрати Султон 18 км дуртар аз шимолу ғарби шаҳраки Ховалинг  ҷойгир шудааст. Нишастан дар болои сабзазори назди мазор, тамошои табиати атроф, мақбараи аз нав бозсозишуда бо гумбазҳои зарҳалин, роҳравҳои зебо, деворҳо бо хишти пухта, гаҷкорӣ ва ғайра ба меҳмонон ҳаловат мебахшид. Ҳамчунин, нӯшидани об аз чашмаҳои шифобахши атрофи мазор онҳоро хушоянд буд.

“Ховалинг бисёр макони зебо ва дилнишин мебошад, табиаташ ба ман хеле писанд омад. Хоҳиш дорам дар сафарҳои минбаъдаам боз ба ин ҷо биёям. Дар оромгоҳи Муҳаммад Султон Увайси Қаранӣ  барои сулҳ ва осоиштагии  мардуми Тоҷикистон дуо кардам. Тоҷикистон ва Ҳиндустон бисёр наздик ҳастанд. Байни ин ду давлат ҳамкорӣ на танҳо имрӯз ҳаст, балки дар қадим ҳам буд, мо як фарҳанг як миллат ҳастем. Хуш ҳастем, ки бо шумо аз ноҳияи Ховалинг суҳбат мекунам. Ин ҷо бисёр ҷойи ҷолиб аст. Ба сайёҳон гуфтаниям, ки ба Тоҷикистон омаданд, ҳатман ин мавзеи зеборо тамошо кунанд”, — таассуроти худро чунин ифода кард Вираҷ Синх, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон.

Сабзавотчинии сафирон

Ҳамчунин, сафирон аз хоҷагии кишоварзии назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дидан намуда, бо дасти худ ҳар гуна сабзавот ва полезӣ, аз қабили бодиринг, помидор, боимҷон ва ҳандалак чиданд ва бо худ гирифтанд. Баъзеашон мегуфтанд, ки бори аввал аст, ба ин гуна киштзор медароем ва аз маҳсулоти пухтарасида мечинем.

“Дар хоҷагии кишоварзии назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки 2 гектар аст, 10 нафар кор мекунад. Дар ин ҷо тамоми маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили бодиринг, булғорӣ, боимҷон, помидор, картошка, ҳандалак парвариш меёбад. Аз сабаби оне ки Ховалинг хунук аст, дар як мавсим танҳо як маротиба маҳсулот мегирему халос, ки он ҳам ҳосили хуб аст. Баъзе солҳо, агар гармтар ояд, ду маротиба ҳосили хуб ба даст меорем”, — гуфт Раҷабов Маҳмадалӣ, роҳбари хоҷагии кишоварзӣ.

Гулханафрӯзӣ дар Дараи Мухтор

Сафирон шомгоҳон ба Дараи Мухтор – зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ ташриф оварда, аз Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявӣ ба номи Восеъ дидан намуданд.

Муфассал дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Бахтовар Сафаров,

Ширин Тоҳирӣ,

“Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner