Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хуҷандиҳо дарахтони азимро дар Хатлон решакан мекунанд

Вақте  ки дар бораи кам шудани дарахтону ҷангалзорҳо, буттазорҳо, поймол гардидани алафзору киштзорҳо сухан меронем, дил ба дард меояд, ҳазорҳо афсӯс мехӯрӣ. Охир, чӣ хел табиати  зебою дилкаш, дӯлоназору хучу олуча, бешазорҳои  анбуҳ дорем!

Аз Кӯлоб тарафи Муъминобод омадан қади роҳҳо пур аз дарахтони дӯлона, қади Шаҳринаву Сайёду Момандиён, Чаргиҳои болову поён пур аз дарахтони гуногун буданд. Ҳоло аз онҳо хотираҳо мондаасту халос. Дар 30-35 соли охир ҳамаи онҳо ба коми сӯзишворӣ, фурӯш, бизнес рафтанд.

Ҳоло бародарони хуҷандӣ омада, на танҳо чормағзҳои азим, балки решаҳои онҳоро канда, бо нархҳои пучу барои мебелсозӣ мебаранд. Чинорҳои 700-800 — солаи деҳаи Боғиҳабиб, Марғақ, маркази ноҳия несту нобуд гардиданд. Ба тухми кабку будана, ғизол, оҳу қирон омад. Одамон бераҳмона дарахту буттазорҳоро нест карда, ҷонварони бисёрро ба нестӣ расониданд. Аз вақте ки “бензопилаҳо” пайдо шуданд, суръати нестшавии ҷангалҳо  даҳчанд афзуд.

Маҳз нобудшавии дарахтону буттазорҳо боис гардид, ки деҳаҳои Туту, Ҳанатарош, Душанбе, Кулчашма, Деҳлоло ва ғайраро  селҳои мудҳиш зада, вайрону валангор карданд. Роҳҳо вайрон, чорво ҳатто одамон талаф ёфтанд.

Бо 10-12 нафар  ҷангалбонҳо, се нафар коркунони идораи ҳифзи табиат пеши роҳи нестшавии ҷангалзорҳоро гирифтан амри маҳол буд. То солҳои 2010 шумораҳои  ҳифзи табиат  коркунони ғайриштатӣ, ёрдамчиён доштанд, ки дар ҳифзи муҳит саҳми бузург мегузоштанд. Аммо онҳоро барҳам доданд. Тасаввур кунед, ки дар дасти аҳолӣ қариб 4 ҳазор сар хар ҳаст. Агар ҳар ду рӯз бо онҳо 4- дарзагӣ ҷамъ 16 ҳазор  дарзаи ҳезум, буттаҳо гулхорро зада биёранд, дар як сол  қариб 3 миллион дарза мешавад.

Агар мошинҳои пурбори ҳезумбизнесҳо, ки бо “бензопила” дарахтонро  дар ним соат кундача мегардонанд, бо ҳисобҳои одӣ  5-6 миллион дарза ҳисоб кунем, пас соле танҳо дар ноҳияи Муъминобод 8-9 миллион дарахт нест мешавад. Боз ба болои ин ноҳияҳои кӯҳистони Ш. Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархорро илова кунем, чӣ қадар рақамҳои калону мудҳишро ташкил мекарда бошанд.

Масъулони ҳифзи табиати ҷумҳурӣ аз ин ба изтироб намеомада бошанд?

Нурулло Ҳасанов,

н. Муъминобод

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Anonymous 31.10.2019 16:56

    Ачиб, боз дарахтони чормагзро решакан карда мебаранд. Ба хотири чи бошад? Боз яке мегуяд, ки онро бо арзиши баланд ба дигарон мефурушанд…

  2. Амони Мухаммад 04.11.2019 20:11

    Устоди азиз, ман хам мисли Шумо рӯзноманигор шуданиам. Ҳоло донишҷӯям. Зарур буд, ки «Хуҷандӣ» гуфта, гапро сар кунед. Кадом журналисте «Ошхонаҳои Хучанди»-и Душанбе фоҳишахона гуфта, доғномае ба нашр расонд. Медонед, ман ҳам аз Хуҷандам. Ин маҳалгароии Шумоён моро хеле рӯҳафтода кардааст. Охир аз мо чӣ бадӣ расид? Чаро пайваста «Хуҷандӣ» мегӯед? Охир мо ҳам тоҷикем. Як миллатем. Бовар кунед, ин шармандаги аст.

  3. Амони Муҳаммад 05.11.2019 13:24

    Худо медонад, ки он дарахтҳои Шуморо ким-кадом Хуҷандӣ мебурад (агар он ҳам бошад!). Лекин аз пашша фил сохта ҳамаро бадном кардан чӣ лозим? Аз ин (яъне бадном кардани Хуҷандиҳо) ба худи Шумо ягон суде ҳаст? Агар ҳа, пас шарҳи худро гузоред. Агар не, ИЛТИМОС, дигар ХУҶАНДӢ нагӯед!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ваш e-mail не будет опубликован.