• Фарзона Муроди
  • 01.02.2018
  • 0

Хуҷанд: Содир шудани 25 ҷиноят аз ҷониби мактаббачагон

Дар шаҳри Хуҷанд  давоми соли 2017  42 адад  ҷинояти ҷавонону наврасон ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфти раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз ин шумораи ҷиноятҳо  25 адад бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна амалӣ шудааст, ки ин ҳолат  боиси нигаронӣ аст.

-Барои ба тарзи ҳаёти солим  ҷалб кардани ҷавонону наврасон МИҲД-и шаҳр ва роҳбарони мактабу муассисаҳо ва масъулин дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Яке аз роҳҳои асосӣ дар ин самт бунёди иншоотҳои варзишӣ ва ҷалби ҷавонон  ба машғулиятҳои варзишӣ мебошад. Дар соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд 20 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин беш аз 180 чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои тарғиботӣ бо ҷалби баш аз 142 ҳазор ҷавонону наврасон ва варзишгарон доир карда шуд, ки  ҳадафи асосии ин иқдомҳо пеш аз ҳама пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ мебошад-афзуд Муҳаммадзода.

                                                                                                               Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner