• Фарзона Муроди
  • 13.01.2017
  • 0

Хуҷанд: Усули нави обёрӣ

       Дар шаҳри Хуҷанд тасмим доранд нахустин бор усули обёрии қатравиро ҷорӣ кунанд. Ин усул бино ба гуфти масъулини идораи ободонӣ сарфаи оби полпезиро кам намуда дарахтонро аз хушкшавӣ нигоҳ медорад.   Дар навбати аввал 365 метр кубурҳои полиетилении қутрашон 15 миллиметра насб карда мешавад.

     Агар ин иқдом натиҷаи хуб диҳад, баъдан ҳамаи дарахтону гулҳои қади кӯчаҳои Хуҷанд тариқи обёрии қатравӣ парвариш карда мешавад. Дар назар аст соли ҷорӣ дар кӯчаҳои ин шаҳр беш аз 3 ҳазор дарахтони сояафкан ва 800 ҳазор қаламчаи гули сарбарг шинонида шавад.

                                                                                                                                                         Фарзона  Муродӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner