• Фарзона Муроди
  • 31.01.2019
  • 0

      Худкушии 16 ноболиғ дар Суғд

Соли 2018 дар вилояти Суғд  аз ҷониби занон 81 нафар худкушӣ ва сӯйқасд ба он  ба қайд шудааст, ки аз ин шумора  16-нафарашон  ноболиғ ҳастанд, ки нисбат ба соли гузашта 2 адад зиёд аст.

Ба гуфти Нигорахон Ғаффорзода, сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд шумораи худкушӣ ва сӯйқасд ба он нисбат ба соли 2017  27 адад афзудааст, ки 2 адад аз ҳисоби ноболиғон ва 25 адад аз ҳисоби занҳо.

«Агарчӣ худкушӣ афзудааст, хушбахтона ҷинояткорӣ байни занҳо кам шудааст. Соли 2018    671-нафар даст ба ҷиноят задаанд, ки 65- нафар кам аст»-афзуд Ғаффорзода.

                                                                        Фарзона Муродӣ    

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner