• Mardon
  • 19.08.2019
  • 0

Идҳои ангуру себ дар Тоҷикистон

Бо амри Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар кишвар боз ду иди маҳсулоти кишоварзӣ-Идҳои ангур ва себ таҷлил хоҳад шуд.

Тибқи ин амр, ки рӯзи 17 августи соли 2019 дар сомонаи president.tj мунташир гардид, Иди ангур ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август ва Иди себ дар шанбеи сеюми моҳи сентябр баргузор мешавад.

Ба масъулони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дастур шудааст, ки баргузории чорабиниҳоро вобаста ба идҳои мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

То ҳол дар Тоҷикистон Идҳои асалу харбуза таҷлил мешавад.

Дар бархе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ  иди маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад.

Масалан, дар Туркманистон дар якшанбеи дуюми моҳи август Рӯзи харбуза таҷлил мегардад. Харбуза маҳсулоти писандидатарин дар Туркманистон маҳсуб шуда ва он арзиши миллӣ эътироф шудааст.




https://tajikistantimes.com/news_rus/otnyne-v-tadzhikistane-budut-otmechat-prazdnik-vinograda-i-yabloka/

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner