Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Иди Қурбон: Чорво бояд дар ҷойҳои махсус забҳ шавад!

Дар рӯзи Иди Қурбон ё Ид-ал-Аҳзо дар шаҳри Душанбе барои забҳи чорво ҷойҳои вижае ҷудо карда шуд. Дар ин замина Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кард.

Тибқи ин қарор ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои марбута дастур дода шудааст, ки ҷараёни забҳи чорворо дар ҷойҳои муқарраршуда назорат кунанд.

Дар қарори ҳукумати шаҳр даҳҳо ҷой дар 4 ноҳияи Душанбе барои забҳи чорво пешниҳод шудааст.

Зимнан, то соли 2017 забҳи чорво дар шаҳри Душанбе дар Иди Қурбон мамнӯъ шуда буд. Аммо Рустами Эмомалӣ, раиси нави Душанбе иҷозат дод, дар ҷойҳои вижа чорво забҳ шавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.