Ифтитоҳи бинои наву замонавии таълимӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дирӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии таълимӣ ба истифода дода шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинои нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Изатулло Давлатов сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис дар бинои наву замонавӣ Раиси шаҳри Душанбе ба сифати корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, зикр намуд, ки дар баробари корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ бояд роҳандозӣ гардад.

Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба масъулини дахлдори шаҳри Душанбе дастур дод, ки бо дарназардошти рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тавассути гузаронидани таҳлилу омӯзиши амиқ марҳила ба марҳила тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт бо дастгоҳу таҷҳизоти таълимии ба талаботи замон ҷавобгӯ таъмин карда шаванд.

Бояд гуфт, ки бино аз 3 ошёна ва 24 синфхона барои 600 хонанда дар як баст, аз ҷумла синфхонаҳои махсуси фанҳои химия, физика, биология, география, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунарҳо, инчунин китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат буда, масоҳати умумии он 9 ҳазору 975 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар саҳни он майдонча барои дарси омодагии ҳарбӣ ва тарбияи ватанпарастии хонандагон бо тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст. Ҳамчунин синфхона барои таълими технологияҳои иттилоотӣ муҷаҳхаз бо 24 компютер, нурафкан ва лавҳаи электронӣ мавҷуд буда, барои таълими хонандагон бо технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ омӯзиши фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосро муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки то оғози соли нави хониш синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо бо ашё ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин муассиса ҳанӯз соли 1933 ба фаъолият шурӯъ намуда, бо гузашти солҳои зиёд кӯҳнаю фарсуда гардида, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли гузашта оғоз гардида, дар давоми 1 сол қисмати аввали он ба анҷом расонида шуд ва дар назар аст, ки марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ ва дар маҷмӯъ муассиса соли 2019 ба анҷом расонида шавад.

Бознашр аз Ховар


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Ифтитоҳи бинои наву замонавии таълимӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

  • Офарин! Чи зебо! Рахмат ба Чаноби оли, рахмат ба раиси шахрамон, рахмат ба сохибкорон. Ватани азизамон боз хам ободу зебо гардад. Додарону хохарон аз паи илмомузи гардед. Шукронаи ватан, шукронаи чунин шароитхои бехтарин кунем.

Leave a Reply