• Mardon
  • 21.08.2019
  • 0

Ифтитоҳи муҷассамаи Деваштич

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро, ки  дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд, паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ кард.

Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи муҷассама Президент бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузошт.

Деваштич — яке аз шоҳони охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарон иштирок кардааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner