• Administrator
  • 31.01.2019
  • 0

Имрӯз борон ва барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва барф   дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи тар дар  назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  18-23 ва рӯзона 10-15  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон низ  ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат   шабона  ва рӯзона  ба 0-5 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон  меборад.  Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -3+2 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст.  Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner