Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷинпин ба нишони олии Тоҷикистон сарфароз гардид

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, раҳбари давлати Чин нишони олии кишвар-“Зарринтоҷ”-и дараҷаи аввалро тақдим кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, раҳбари давлати Чин нишони олии кишвар-“Зарринтоҷ”-и дараҷаи аввалро тақдим кард.

Ин маросим дар ҳошияи дидори давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки  ҷараёни он миёни Чин ва Тоҷикистон 19 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои  сармоягузорӣ, кишоварзӣ, мубориза зидди терроризм ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба имзо расид.

Зимнан, дар зарфи 5 соли ахир Си Ҷинпин бори дуюм аст, ки бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад.

Чин яке аз шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст ва соли гузашта мизони додугирифт байни ду кишвар аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст.

Бахши асосии қарзи берунии Тоҷикистон ҳам аз Чин аст. Мунтақидон аз он нигаронӣ мекунанд, ки қарзу сармоягузориҳои бебаркаши Чин дар оянда метавонад барои Тоҷикистон дари сар эҷод кунад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.