• Бахтовар Сафаров
  • 20.04.2019
  • 2

Интернети қиммат ва эътирози мардум (Видео)

Шурӯъ аз санаи 13 – 14 — уми апрели соли ҷорӣ ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли пайёмак ба муштариёни худ аз қиммат шудани нархи Интернет мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сурат гирифтааст, огоҳ намуданд.

Аз ин пас, мардум ду маротиба гаронтар аз нархи пешина мегабайт харидори мекунанд. Ҳарчанд ин қарор новобаста аз назари ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт, интиқод ва эътирози мардуми тоҷикро дучанд кард. Вале сару садо ва эътирози шаҳрвандонро на мақомоти дахлдор ва на Ҳукумат ба назар гирифтанд. Масъулони дахлдор қарору манфиатҳои хешро аз назари мардум боло донистанд, ки як навъ таҳқир ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Ин як нишонаи беэҳтиромӣ нисбати мардум аст.

Чунки имрӯз мардум на танҳо тариқи интернет, гуфтугӯ мекунанд балки мехонанд, иттилоот ба даст меоранд ва ба таври онлайнӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ин иқдоми пешгирифта ба тамоми соҳаҳои кишвар зарари иқтисодӣ хоҳад расонд, зеро дастраси ба интернетро як ҷузъи ҷудонашаванда дар асри техника ва технолигия медонанд.

Шарҳи бештар ва назари сокинони пойтахтро метавонед дар навори омоданамудаи хабарнигори сомонаи иттилоотии tajikistantimes.com тамошо намоед.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner