Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон қатъ мешавад?

Имкон дорад ба далели ҳамоҳанг нашудани раванди интиқоли пул бо Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи 3 декабр интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон қатъ шавад.

Дар ин бора “Коммерсантъ”, нашрияи чопи Маскав хабар додааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) низ рӯзи 29 ноябр дар сомонаи худ хабар додааст, ки аз рӯзи 3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд.

Бино ба маълумоти БМТ, ҳамакнун тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.

Дар хабари сомонаи БМТ омадааст: “Дар асоси таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ва бо назардошти рӯйдодҳои охири марбут ба пардохтнопазирии як қатор низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ, Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, дар натиҷа як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд. Ин омилҳо бевосита ба рушди низоми интиқоли маблағҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии интиқоли маблағҳо ба муштариён халал мерасонад.”

БМТ таъкид кардааст, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд мекунад.

Бо назардошти он ки ҳамарӯза маблағи зиёд ба ҷумҳурӣ интиқол мешавад, бевосита ин раванд ба низоми бонкӣ хавфи калон дорад.

Ба унвони мисол, БМТ ба муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо (Лидер ва Мигом) ишора кардааст, ки дар натиҷа ӯҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 миллион рубли русиро ташкил додааст.

Феълан 90 дарсади интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути системаҳои интиқоли пули MoneyGram, Contact, “Вестерн Юнион” ва “Золотую корону” сурат гирифта ва ин системаҳо то ба ҳол ба системаи нави Бонки миллии Тоҷикистон напайвастаанд.

Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон дар самти интиқоли пул аз Русия дар зинаи дуюм қарор дорад.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 2,55 миллиард доллар ворид гардидааст. Аз ин ҳисоб системаҳои интиқоли пул то 7 миллиард рубл фоида ба даст овардаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.