Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаҳои Душанбе қатъ мешавад

Ба далели корҳои пайвастсозӣ дар қубурҳои қутрашон бузург дар кӯчаи Карамоваи  шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ дар бархе аз манотиқи пойтахт муваққатан қатъ мешавад.

Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  — маҳаллаи Гулистон, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Ҳ.Ҳакимзода, Карамов (аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ.Шерозӣ), Фирӯз, С.Ғанӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Шаҳрчаи тандурустӣ ва Боғи Ирам ва ноҳияи Сино — маҳаллаҳои 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2, Испечак 3, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав ва кӯчаи Бобо Ҳамдам  интиқоли оби ошомиданӣ аз соати 23.00-и 14 август то соати 23.00-и 15 август қатъ мегардад.

Ба иттилои ин манбаъ, тибқи қарори дахлдор, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин, аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида даъват шудааст, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.