• Administrator
  • 08.01.2019
  • 0

Интихоботи афғонистон: Боз паштунҳо президент  мешаванд?

Сабти номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон оғоз ёфт. Вале тавре ба назар мерасад, ба фарқ аз интихоботҳои гузашта, ки рақобати асосӣ байни номзадҳои пашту ва тоҷик сурат мегирифт, дар интихоботи имсола номзадҳои асосӣ паштуҳоянд.

Намояндагони тоҷикҳо ин дафъа талош доранд дар тимҳои ин номзадҳои асосӣ мақомҳои муҳимро ба дасти худ бигиранд. Аз ҷумла раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба тимаш тоҷикони пурнуфузе, чун доктор Абдуллоҳ, Салоҳуддин Раббонӣ, Амруллоҳ Солеҳро даъват карда, рақиби ӯ Ҳаниф Атмар ба ҳайси ноиби аввалаш Муҳаммад Юнуси Қонуниро пазируфта, боз ба чанд тоҷики дигар, аз ҷумла Ато Муҳаммади Нур, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва Исмоилхон дар ҳукумати ояндааш ваъдаи мансабҳои баланд додааст.Дар Афғонистон марҳалаи сабти номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ оғоз ёфт. Аввалин номзаде, ки худро дар Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон сабти ном кард, шоир ва сиёсатмадори тоҷик Абдулатифи Пидром буд. Ҳамин тавр, интизор меравад, ки Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари фармондеҳи машҳури тоҷикҳои Панҷшер ва Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд низ номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.Аммо тавре ба назар мерасад, ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ, ки қариб ҳамеша рақобати асосӣ байни номзадҳои пашту ва тоҷик сурат мегирифт, дар интихоботи соли 2019 рақобат асосан байни номзадҳои пашту доир мешавад.Ва номзадҳои асосӣ – раисиҷумҳури кунунӣ Ашраф Ғанӣ ва муовири собиқи амниятӣ Ҳаниф Атмар – ҳарду талош доранд, бо ваъдаи курсиҳои баланд дар ҳукумати ояндаашон раъйи ақвоми дигар, ба хусус тоҷикҳои Афғонистонро ба даст биоранд.Ҳаниф Атмар, ки дар гузашта мушовири масоили амниятӣ ва яке аз муттаҳидони дараҷаи яки Ашраф Ғанӣ буд, ҳоло яке аз рақибони билқувваи ӯ дар интихобот ба шумор меравад.Бино ба хабарҳои расида, Ҳаниф Атмар ба унвонкурсии ноиби аввали раисиҷумҳур дар ҳукумати ояндаашро ба намояндаи тоҷикҳо Муҳаммад Юнуси Қонунӣ ва мақоми ноиби дуюмро ба намояндаи ҳазораҳо Муҳаммад Муҳаққиқ ва мақоми ноиби сеюмро ба намояндаи ӯзбекҳои Афғонистон Шокир Коргар пешниҳод кардааст.Ҳаниф Атмар ҳамин тавр, қасд доштааст, ки мақоми раёсати иҷроияро дар таркиби ҳукумати ояндаи Афғонистон нигоҳ бидорад. Яке аз номзадҳои мавриди назари ӯ ба мақоми роҳбари ҳукумат Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх, ки низ намояндаи тоҷикҳост, будааст. Ато Муҳаммади Нур ҳамзамон дар тими Ҳаниф Атмар аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми муҳими мушовири масоили амниятӣ дониста мешавад. Тими Атмар ба Устод Ато ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки метавонад ба мақоми волии вилояти Балх низ баргардад.Ҳамчунин Ҳаниф Атмар, бино ба хабарҳо, дар ҳукумати ояндааш боз ба ду намояндаи дигар ва пурнуфузи тоҷикҳои Афғонистон Исмоилхон (волии собиқи Ҳирот) ва Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ (вазири собиқи умури дохила) мақоми вазорат пешниҳод кардааст.Ҳаниф Атмар дар ин корзори интихоботӣ аз пуштибонии гуруҳҳои пурнуфузи паштуҳои Афғонистон, аз ҷумла аз пуштибонии раисиҷумҳури собиқ Ҳамид Карзай бархӯрдор буда, бо итминони зиёд роҳии ин корзор шудааст.Аммо Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури кунунии Афғонистон низ ҷиддан дар пайи ҳифзи мақоми худ ва даст ёфтан ба боз як давраи раёсат афтодааст.Ашраф Ғанӣ, ки ҳукуматаш дар ин авохир ба далели нобакорӣ ба интиқодҳои шадид ва мухолифати доираҳои пурнуфуз дар арсаи сиёсии Афғонистон рӯбарӯ шудааст, талош дорад, бо ҷалби шахсиятҳои обрӯманд, аз ҷумла аз ақвоми дигар обрӯи ҳукуматаш ва ҳамзамон шонсҳои худ барои пирӯзӣ дар интихоботи соли 2019-ро боло бубарад.Ба мақоми вазири умури дохила таъйин кардани Амруллоҳ Солеҳ, роҳбари собиқи Хадамоти амнияти миллӣ ва яке аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд, ки намояндаи тоҷикҳост, аз ҷумлаи ин талошҳои Ашраф Ғанӣ дониста мешаванд. Ашраф Ғанӣ ҳамин тавр, барои барқарор кардани эътибори ҳукуматаш Асадуллоҳ Холидро вазири дифоъ ва Умар Довудзайро раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таъйин кард.Бино ба хабарҳои расида, ҷалби пуштибонии қавмҳои дигар, бахусус тоҷикон дар ситоди интихоботии Ашраф Ғанӣ низ дар меҳвар қарор дошта, ба ин далел, ӯ ба мақоми ноиби аввали раисиҷумҳур вазири кунунии умури хориҷиаш Салоҳуддин Раббониро интихоб карда ва ҳамчун ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиаш доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, боз як намояндаи дигари тоҷикҳоро дар мақоми роҳбари раёсати иҷроия нигоҳ хоҳад дошт.Мақоми ноиби дуюмро дар тими Ашраф Ғанӣ ба намояндаи ҳазораҳо Сарвар Дониш тааллуқ додаанд ва тавре матбуоти Афғонистон менависад, Ашраф Ғанӣ ба генерал Абдулрашиди Дёстум, як роҳбари пурнуфузи ӯзбекҳои Афғонистон пешниҳод кардааст, то як номзад аз байни ӯзбекҳоро ба мақоми ноиби сеюми раисҷумҳур пешбарӣ кунад. Вале, менависанд расонаҳои афғонӣ, гӯё Дӯстум исрор варзидааст, ки Ашраф Ғанӣ мақоми ноиби аввали раисиҷумҳурро ба номзади ӯзбекҳо бидиҳад.Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, қарор буд, рӯзи 20 апрели соли 2019 доир шавад. Вале Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон мехоҳад ин интихоботро чанд моҳ ақиб андозад.Соли 2014 дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон доктор Абдуллоҳ ғолиб омад, вале дар даври дуюм пирӯзиро ба Ашраф Ғанӣ доданд, ки боиси мавҷи эътирозҳо шуд. Дар натиҷа бар асоси муомилае, ки сурат гирифт, Ашраф Ғанӣ дар мақоми раисиҷумҳур монд, вале барои доктор Абдуллоҳ мақоми роҳбари раёсати иҷроия, яъне сарвазирро таъсис доданд, ки то имрӯз роҳбарии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистонро ба ӯҳда дорад

 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner