Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Испания тими Тоҷикистонро бо ҳисоби калон мағлуб кард

Дастаи мунтахаби футболбозони навраси синни 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюм дар гурӯҳи Е дар муқобили ҳамсолони испании худ бо ҳисоби калони 1 бар 5 ноком шуданд.

Бозӣ бо ҳуҷуми пайи ҳами футболбозони навраси Испания оғоз шуда, аллакай дар дақиқиаи 4-ум футболбози испанӣ Герман Валера ҳисобро кушод. Дар дақиқаҳои 20 ва 35-уми бозӣ Роберт Навррро ва Пабло Морено ба дарвозаи футболбозони навраси тоҷик ду тӯб зада ва ҳисобро ба 3 бар сифр расонданд.

Дар ҳамин вазъият худи футболбозони навраси испанӣ ба “кумак”-и ҳамсолони тоҷики худ расида ва Алваро Карилло ба дарвозаи худ гол зад.

Бо ин вуҷуд футболбозони испанӣ рӯҳафтода нашуда ва дар дақиқиаи охири бозӣ (дақиқиаи 45-ум) Давид Ларубиа ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон голи навбатиро зад.

Дар қисми дуюми бозӣ низ дастаи футболбозони навраси Испания бартарии зиёд доштанд ва дар дақиқаи бо голи Робет Наварро ба бозӣ нуқта гузоштанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи Е дастаи мунтахаби наврасони Камерун бар дастаи Аргентина бо ҳисоби 1 бар сифр пирӯз шуданд.

Голи ягонаро футболбози камерунӣ Френчис Омам-Бийик ба дарвозаи рақиб зад.

Ҳамин тавр пас аз ду бозӣ дастаи мунтахаби наврасони Испания дар гурӯҳи Е бо 4 имтиёз дар ҷойи аввал, дастаҳои Камерун ва Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷоёҳои дуюму сеюм ва дастаи Аргентина бо 1 имтиёз дар ҷойи охир қарор доранд.

Дар даври навбатӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Аргентина ва Камерун бо Испания қувваозомӣ хоҳанд кард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.