• Бахтовар Сафаров
  • 19.07.2019
  • 1

Кӯлоб: Ҳайвонҳо чӣ ҳол доранд?

Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб” соли 2016 ба фаъолият пардохта ва дар ин муддат тавонист, ки дар ҳудуди худ беш аз 92 навъи ҳайвону парранда, назири хирс, шутурмурғ, кафтар, товус, шутур, мурғобӣ ва ғайраҳоро нигоҳубин кунад.

Мутаассифона, боғи мазкур дар вазъияти риққатовар қарор дорад. Ҷойи зисти ҳайвону паррандаҳо мустаҳкам набуда ҷонварон гуруснагӣ мекашанд.

Ба гуфтаи Ғаффор Каримов, директори Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб, аз ҳисоби буҷаи ҳукумат ба Боғи ҳайвоноти шаҳр 23 000 сомонӣ ҷудо мешаад, ки ин маблағи ночиз аст. Сари вақт нарасидани ғизои ҷонварон яке аз мушкилиҳои асосии мост.

Зимни ташкили боғ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр масъул гардида буданд, ки ҷонваронро бо хӯрок таъмин кунанд, вале акнун аз онҳо ҳам ягон умед нест.

“Боғ ба фаъолияти худхизматрасонӣ пардохтааст ва аз ҳисоби 2 сомонӣ пуле, ки аз тамошобинон гирифта мешавад, хӯроки ҳайвонҳоро мехарем. На ҳама вақт мо ба хирс гӯшт дода метавонем. Бинобар ин аксар вақтҳо хирсро бо себу асал ва дигар меваҷот сер мекунем. Ҳамаи парандаҳо қариб, ки гандумхӯранд ва хушбахтона аз ин ҳисоб камтар танқисӣ мекашем”, — гуфт вай.

Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб

Ба таъкиди Каримов, ба далели тангии ҷой наметавонанд ҳайвонҳои навро, чун маймун, паланг, шер ва ғайраҳо ба боғ биёранд. Зеро онҳо аз ҳар ҷиҳат хатарноканд ва дар шароити феълӣ нигоҳубинашон имкон надорад.

Мушкилии дигар ин набудани нуқтаҳои оби ошомиданӣ (ба истиснои оби ифлоси ҳавзи моҳиҳо!) дар дохили боғ аст. Ғаффор Каримов мегӯяд, ки онҳо обро аз боғи шафати худ, яъне аз “Амфитеатр” бо соат ба иҷора мегиранду хонаҳои ҳайвонҳо ва худи онҳоро шустушӯ мекунанд.

Муҳайё Зокироваи 35 сола сокини шаҳри Кӯлоб буда, баъди анҷоми кору бори хона ба тамошои боғ омадааст:

-Бегоҳиҳо аксаран ҳамроҳи духтарчаам меоем. Боғ он қадар ҳам вазъияти хуб надорад, вале дар ҳудуди шаҳр ҳоло танҳо ҳамин кор мекунад. Мутаасифона, барои дилхушии фарзандонамон бозичаҳои хуб нест (манзур атраксионҳост). Меоем, камтар мешинему боз меравем. Баъзан вақт аз бӯи бади ҳайвонҳо шишта ҳам намешавад.

Намуди берунии макони зисти ҳайвонҳо

Нозанин ва Зӯҳро, ки ҳарду истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Даҳана буда, баъди анҷоми имтиҳони дохилшавӣ барои тамошои боғ омадаанд, дар суҳбат чунин гуфтанд:

-Дугонаам (Зуҳро) гуфт, ки биё боғи ҳайвонот равем тамошо карда бармегардем. Омадему пушаймон шудем. Ҳавояш беҳад гарм. Ақаллан барои нӯшидан об ҳам нест. Ягон чизи диққатҷалбкунанда надорад.

Зимнан, боғ ба ғайр аз як — ду атраксиони кӯҳнаи солҳои 70, ки аз боғҳои дигар оварда шудааст, ягон чизи замонавӣ надорад.

Мирсаид САТТОРИЁН

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Аюбчон:

    Хайвонхо? Хайвонхо сихату саломат. Ба Шумо салом гуфтанд ва аз масъулин хохиш намуданд, ки гизонокии хурокашон зиёд карда шавад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner