• Mardon
  • 13.06.2019
  • 0

Кӣ мӯйсафедро талбанда кард?

Се ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз вазъи ногувори пирамарди солхӯрда барои пайдо кардани пули бедарди миён истифода кардаанд.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Азимҷон Бекмирзоев, Зариф Тӯрақулов ва Файзиддин Барноев, ҷавонони 24-29-солаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ пирамард Ганҷал Бекмирзоевро ба аробачаи маъюбӣ шинонда, водор сохтаанд, то талбандагӣ кунад.

Ин манбаъ афзуд, ҳамарӯза Файзиддин Барноев бо мошин пирамарди солхӯрдаро бо аробачаи маъюбӣ ба шаҳри Душанбе оварда, дар кӯчаҳои пойтахт мегузорад ва ин пирамард аз сокинон пул мепурсад.

Сипас, ин се нафар маблағи ҷамъшуда байни худ тақсим мекарданд.

Гарчанде қаблан кирдори номбурдагон аз ҷониби кормандони милитсия мавриди эрод қарор гирифта, барои дигар такрор накардан огоҳонида шуда бошанд ҳам, вале ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, боз ба чунин фаъолият машғул шудаанд, ки ин боиси қабули қарори қонунӣ гардидааст.

5 июни соли ҷорӣ нисбати ин афрод бо моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино барои баррасӣ ирсол гардид.

Суд дар навбати худ санаи 6-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар кадоме аз 3 то 5 рӯз ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ таъин кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner