• Бахтовар Сафаров
  • 29.05.2019
  • 5

“Кӯмак кунед то бо дӯстдоштаам якҷо бошам!”(Видео)

Ба студияи сомонаи Tajikistantimes.com Замира ном ҷавондухтаре ҳамроҳи хушдомани худ омад ва аз зиндагии талху ранҷу азобҳои кашидааш қисса кард. Замира ба ҷавоне, ки дар хизмати ҳарбӣ буд, бо як нигоҳ ошиқ мешавад. Вале падару модараш ба оиладоршавии ҷавонон розӣ намешаванд.

Замира маҷбур шуд, ки аз хонаашон фирор кунад ва бо дӯстдоштааш якҷо бошад. Мақсади асосии Замира ин бо дӯстписараш оиладор шудану зиндагии хушбахтона доштан буд. Аммо падараш ба Замира рӯзи равшанро нишон намедод ва намехост бо он ҷавон якҷо шавад. Ҷавони дӯстдоштаи ӯ ҳамроҳи оилааш дар хобгоҳ зиндагӣ мекард ва ягона монеа ҳамин буд.

Замира маҷбур шуд, ки бо дӯстоштааш хомхоба шавад то ин ки волидонаш ба оиладоршавии онҳо розӣ шаванд. Падараш ӯро се моҳ дар хона махкам мекунад, тифли дар батнаш бударо исқоти ҳамл менамояд, таҳдид ба ҷони худи ӯву шавҳараш мекунад. Боз Замира роҳи наҷотро ёфта ба хонаи шавҳараш меояд.

Оилаи дӯстдоштааш бо вуҷуди ҳамаи ин чор маротиба хостгорӣ мераванд, аммо бо таҳқиру таъна аз дар меронандашон. Айни ҳол Замира дар хонаи дӯстписараш аст ва мехоҳад мақомоти дахлдор барои якҷо шудани ин ду ҷуфти ҷавон кумак кунанд…

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Саида:

    Бирав аз кайди акди никох гузар. Тамом вассалом!

  • С:

    Бехад духтари нотарс буди чони шавхаратам хатарба мононда зиндаги кардан зарурми.Хастанд хамин хел падархои беакл хушбахти духтараша намехохад бахти духтарашба зомин мешад.

  • Машхура:

    Бехад духтари нотарс буди чони шавхаратам хатарба мононда зиндаги кардан зарурми.Хастанд хамин хел падархои беакл хушбахти духтараша намехохад бахти духтарашба зомин мешад.

  • Anonymous:

    Дар кодекси оила пешбини мешавад ки зану марде ки ба синни никох расидаанду монеаи акти никох надоранд бо розигии хамдигар оила барпо намоянд

  • Одам:

    Падари беақл аз онеки шарманда шуди вай хуб набуд ки духтаро сари вақт дар никоҳи ин ҷавон медароварди худ дидики духтарат аз ҷонаш зиёдтар дӯст медорад вай ҷавонро аз замонҳои асри миёнаги гузашт вай гов неку ба касеки хоҳи фурӯши агар онқадар падари баору номус мебуди дар вақташ духтаратро хуб нигоҳубин накарди ? Имрӯз ки кор аз кор гузаштааст садироҳашон нашав бигзор хонадор шаванд

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner