Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Калимаи Шаҳодат — вопасин каломи Лоҳутӣ

4 декабр зодрӯзи Абулқосим Лоҳутӣ – шоири бузурги асри ХХ-и адабиёти форсӣ аст. Зиндагии Лоҳутӣ хеле душвору ноҳамвор буд. Роҳи ӯ аз ҳаракатҳои инқилоби дар Эрон оғоз шуд ва бо душвориҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ поён ёфт. Бо вуҷуди ин ӯ шоири маҳбуб барои тоҷикон боқӣ мемонад.

Дар мавриди зиндагии Лоҳутӣ ва эътиқоди динии ӯ сарусадо зиёд аст ва бештари инсонҳо бар он назаранд, ки шоир атеист – бедин буд. Вале дар ин матлаб Лоҳутии дигарро метавон дид.

Вопасин рӯзи Лоҳутӣ, вопасин сухани ӯро пешкаши шумо мегардонем. 

Он рӯз ҳоли Лоҳутӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ андаке беҳтару хубтар буд. Парастор низ ин ҳолатро аз нишастухези ихтиёрии Лоҳутӣ рӯйи кати бемористон пай бурд… Парастор ин бор, тибқи одати ҳамешагӣ, бемори худро «рафиқ Лоҳутӣ» хитоб накард ва ӯро «шоири муҳтарам» садо кард.

Ин ибора қувва ва нерӯи зиёде ба шоир бахшид. Чун ӯ барои ҳифзи ному эътибори Абулқосим Лоҳутии шоир аз ҳамон даврони кӯдакӣ ғайрату ҳиммати худро сарф карда буд. Ӯон ҷо ки лозим буд, шеърро ҳамчун силоҳ ба кор мебурд. Акнун ашъори озодихоҳонаи ӯ дар дили ҳазорон мардум маъво гузошта буд ва дар ҷашнҳову арӯсиҳо, дар қолаби нағмаву тарона ба ҳар ҷо танин меафканд:

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,

Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

Ҳар кас ки ашъори ширину сеҳрангезро мешунид, чи шоирро мешинохту чи намешинохт, нохудогоҳ лаб ба таҳсину офарини ӯ мекушуд. Ту гӯйӣ, калимаи «шоиру суханвар» барои ӯст, ки офарида шуда. Мардум ӯро инсони маъмулӣ намедонистанд, балки «ҷуръанӯши ҷоми Ҳақ» мепиндоштанд…

Пайкараи Устод Лоҳутӣ дар Душанбе

Парастор, ки дар тӯли шаб муроқибаш буд, имрӯз ӯро «шоир» хитоб кард. Магар на ин аст, ки агар шоир бошӣ, мардум низ ба ту «шоир» хоҳанд гуфт. Ин рӯзҳо чунин аст. Ҷомеа ба ҳар касе ки ду сатрро ба ҳам пайванд диҳад, «шоир» намегӯяд. Шоир каломи бузургест!

Ӯ, ки то ҳафтодсолагӣ барои сарбаландии лафзи «шоир» ғайрату тавонашро дареғ надошта буд, имрӯз ин калима тани ранҷурашро ҷоне тоза бахшид ва нерӯе дучандон ба ӯ дод. Лоҳутӣ борҳо ин калимаро аз забони ҳамин хонуми парас¬тор шунид. Ӯ ҳар бор бо шунидани лафзи «шоир» худро нерӯманд эҳсос мекард. Парастор низ аз замоне ки дарёфт, ӯ ҳамон Лоҳутии шоир аст, ҳис мекард, табобате, ки барои бемор анҷом медиҳад, беш аз пеш дармон мешавад. Ӯ Лоҳутиро ба василаи ашъораш дуродур мешинохт. Ашъори Лоҳутӣ борҳо ба забони русӣ мунташир шуда буд. Парастор вақтҳои фароғаташро маъмулан, бо мутолиаи китоб сипарӣ мекард. Аз замоне, ки Лоҳутиро дар бистари бемористон диду парастораш шуд, беҳтарин вақти худро бо Лоҳутӣ – худаш ё шеъраш мегузаронд. Осори шоирон, аз ҷумла осори Лоҳутӣ зинатбахши китобхонаи шахсии ӯ буд.

Осори Лоҳутӣ ифтихори қафасаҳои ҳар китобхонае буд. Китобҳояшро бо иштиёқи тамом ба забони русӣ чоп ва мунташир мекарданд. Албатта, ин ҳам аз он буд, ки осори Лоҳутӣ ибтидо дар дилҳо ҷой мегирифту пас аз он дар қафасаи китобхонаҳо. Он гоҳ ки сухан аз шеъру шоирӣ ба миён омад, хонуми парастор пурсише, ки муддатҳо зеҳнашро машғул карда буд, аз Лоҳутӣ пурсид:

– Ман ашъори Шуморо ба забони русӣ мехонам. Онҳо аз форсии тоҷикӣ ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Пас, Шумо ашъоратонро ба форсии тоҷикӣ менависед?

Лоҳутӣ бо табассум ба ӯ посух дод:

– Албатта!

Парастор дубора гуфт:

– Ман ашъори Шуморо ба забони русӣ мехонам, бисёр таъсиргузор ва ҳунармандонаву равон аст. Мегӯянд, агар ба забони аслӣ хонда шавад, сӯзноктару муассиртар аст…

Максим Горкий ва Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳалқаи пионерон

Лоҳутӣ аз ӯ напурсид, аз куҷо медонад, ки забони аслии ашъораш равону таъсиргузор аст, зеро дар гуфтугӯҳои қаблӣ бо шоир гуфта буд, ки аҳли мутолиа аст. Дар муқаддимаи ҳамон китобҳо ғолибан хонанда бо шарҳи ҳоли шоир ошно мегардид ва дар бораи вижагиҳои шеъру шоирӣ сухан гуфта мешуд. Нависандагон дар муқаддимаи осори Лоҳутӣ шеъри ӯро чун оби мусаффову равон тавсиф мекарданд. Шояд парастор ин дидгоҳҳоро пеши чашм меовард ва ба ҳамин хотир чунин назаре дошт. Лоҳутӣ лабханде зад. Нохудогоҳ ба нӯки мӯйлаби ғафси худ дасте кашид, агарчи медонист, ки ин кор назди он зани ҷавон зишт ҷилва медиҳад. Одаташ ин буд. Ӯ ҳар гоҳ ки мехост, бо хаёле осуда фикрашро ба касе бигӯяд, ин корро мекард. Пурсид:

– Оё мехоҳед, ки шеърамро аз забони худам бишнавед?

Хонуми парастор хушҳол шуд:

– Албатта, мехоҳам.

– Пас, бигузор, ин шеърро бароят бихонам. Онро ду рӯз пеш дар ҳамин бемористон сурудам…

Парастор бо тааҷҷуб пурсид:

– Бо вуҷуди беморие, ки доред, зеҳни худро ба фаъолият во доштеду шеър сурудед? Бо ин ҳоле ки доред, кори фикрӣ ва сурудани шеър барои шумо хуб нест.

–Ҳоло ки ҳолам хуб аст. Аз замоне, ки шумо маро ба лафзи «шоир» хитоб кардед, ҳолам беҳтар аз пештар шуда. Агар гӯш медиҳед, бароятон бихонам.

Парастор бо тааннӣ пурсид:

– Ку? Куҷост?

Ӯ фикр кард, ки шоир коғазе берун меоварад. Хурдтарин ҳаракатҳояшро зери назар дошт. Лоҳутӣ бе ҳеч ҳаракате танҳо нигоҳашро ба сӯе дӯхт. Парастор вақте ки дид, шоир дар фикри амиқе фурӯ рафта, гумон кард, бо ҳарфе, ки зада, ӯро озурдааст. Талош кард, аз нигоҳу чеҳраи шоир инро бихонад. Шоир дар ҳамон вазъу ҳолат ба оромӣ шурӯъ ба хондани шеър кард. Парастор гумон кард, ки шоир таронаеро аз зери лаб наҷво мекунад. Диққат ки кард, мутаваҷҷеҳ шуд, ки шеър аст. Он ҳам ба забоне, ки то он рӯз нашунида буд.

Устод Лоҳутӣ бо ҳамсараш Силсила-бону

Завқи шеърхонӣ шоирро ба бархостан аз бистари беморӣ во дошт. Парастор, ки доим ӯро ба истироҳат дар бистар тавсия мекард, акнун гӯё шоирро намедид ва моту мабҳут истода буд. Ту гӯйӣ шеъри Лоҳутӣ ӯро ҷоду карда буд. Ҳангоми вурудаш ба он ҳуҷра доруҳое дар даст дошт ва бо ҳамонҳо рӯйи курсӣ нишаста буд. Аммо акнун мисли чӯбе хушк истода буду нигоҳаш мекард. Ӯ шеърро ҳам аз худи шоир мешунид ва ҳам аз нусхаи аслӣ, яъне ба забони модарӣ.

***    ***     ***     ***

Ғуруб буд, ки Ситсилия Бону назди шоир омад. Ӯ  ҳамсари Лоҳутӣ ва аз беҳтарин мутарҷимони осораш буд. Ашъори Лоҳутӣ боиси ошноӣ ва пайвандаш бо шоир шудаву ба онҳо фарзандон бахшида буд.

Фаровон буданд касоне, ки мехостанд шеъри Лоҳутиро тарҷума кунанд, вале ҳар мутарҷиме ашъори ӯро наметавонист, ончунон ки навиштаву суруда шуда буд, ба забони русӣ баргардонад, магар афроде ҳамчун Г.Шенгели, Е.Козловский, И.Кошежова, М.Акчурин ва Т.Исфандиёрова. Ҳамон тавр ки худи шоир мегуфт, Худованд Бонуро барои тарҷумаи ашъораш ба ӯ дода буд. Бону ҳам ба забони шеъри Лоҳутӣ мусаллат буд ва ҳам худаш шоиру мутарҷиме беназир буд. Лоҳутӣ бо ҳамкории Бону «Аспи мисин» ва «Мотсарт ва Салйери»-ро аз осори А.С.Пушкин ва баъзе пораҳо аз асари «Евгений Онегин»-ро ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума карда буд.

Бону аз парастор ҳоли Лоҳутиро ҷӯё шуд. Бо шунидани ҷумлаи «хуб аст», сабкутар ба сӯйи ҳуҷраи бемор қадам бардошт.

– Шеъре ҳам бароям хонда гуфт, ки ду рӯз пеш сурудааст. Ба забони худаш бароям хонд.

Бону бо шунидани ин суханон аз забони парастор намедонист аз хушҳолӣ чӣ бикунад, зеро бо ин охирин беморӣ Лоҳутӣ даст ба қалам набурда буд. Агар шеъре суруда, яъне ин ки дарвоқеъ, ҳолаш рӯ ба беҳбуд аст.

Шоир агарчи аз ҳоли Бонуву фарзандонаш ҷӯё шуду гуфт, ки ҳолаш беҳтар аз пештар аст, аммо дар бораи охирин сурудаи хеш чизе нагуфт. Чун шоир чизе нагуфт, ҳамсараш – Бону низ дар бораи шеъре, ки барои парастор хонда буд, ҳарфе назад ва чизе напурсид. Чун фикр мекард, шояд комил нашудааст ва мехоҳад чизе ба он бияфзояд. Шоир, агар ҳатто як байт шеър низ месуруд, ба Бонуяш хабар медоду барояш мехонд, аммо чаро ин бор чунин нашуд? Бону дар баробари ин кори шоир бетафовут ва бетараф низ набуд, вале нахост ҳарфе ба ӯ бигӯяд. Бо вуҷуди ин, набояд байни шоир ва Бону ҳеч гуна рози ногуфтае вуҷуд дошта бошад. Магар на ин аст, ки шеър онҳоро бо ҳам расондаву асрорашонро барои ҳам намоён сохта буд? Бо вуҷуди ин Бону натавонист аз пурсидан худдорӣ кунад:

– Қосим! Шунидаам, дирӯз шеъре сурудаӣ. Аммо…

Шоир даст ба сари худ заду гуфт:

– Бонуҷон! Ин беморӣ ҳама чизро аз ёдам бурда. Ман фикр кардам, ки ин шеъри навамро бароят хондаам. Бар ман хурда нагир. Хуб шуд, ки ёдам овардӣ. Бинавис, бароят мехонам.

Бону коғазу қаламе баровард. Лоҳутӣ оҳиста-оҳиста шурӯъ ба хондан кард. Нигоҳаш қалами сиёҳи Бонуро, ки ба рӯйи коғази сафед шиновар буд, намедид. Лоҳутӣ шеърашро ба поён бурд. Мазмуни ин шеър дар мағзи ҷону устухони Бону нуфуз кард.

Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ

Ҳар шеъре, ки Лоҳутӣ месуруд, бар тамоми вуҷуди Бону таъсир мегузошт. Ӯ ҳам ашъори ғамангез ва ҳам шод дошт, аммо ашъори ғамангезаш ғусса намеовард ва ашъори шодаш шод намекард. Шеър асосан барои шод шудан ва ғамгин шудан суруда намешавад. Шеър марҳам ва доруи рӯҳбахши ҷону равони одамист. Дору агарчи талх аст, барои беҳбуди ту судманд аст. Шеъри ғамангез низ чунин аст, аммо ин шеър дар дунёи рӯҳу равони Бону таъсире шигифт ва амиқ гузошт.

Бону пас аз навиштани шеър гуфт:

– Қосим! Шеъри хуб ва аҷибе сурудаӣ. Ман ҳатман имшаб мешинаму инро тарҷума мекунам.

– Писандидӣ? Хушат омад?

Бону бе ҳеч ҳарфу сухане чун нишонаи тасдиқ танҳо сарашро ҷунбонд. Лоҳутӣ низ хурсанд шуд.

***

Садои занге, ки нимаҳои шаб баланд шуд, парасторро, ки машғули хондани китоб буд, ба ҳарос андохт. Ҳамон вақт ӯ тибқи одат ба чароғи хурде нигоҳ мекард, ки шумораи ҳуҷраи бемореро, ки кӯмак мехост, нишон медод. Садои занг аз ҳуҷраи Лоҳутӣ буд. Парастор бо шитоб ба самти ҳуҷра давид. Дид, ки шоир нафаси амиқ мекашад ва як дасташ рӯйи тугмаи занг аст.

– Шоир! Ман омадам.

Шоир чашмашро ба сӯйи он садои ошно кушуду дасташро аз тугмаи занг бардошт. Ба парастор ишора кард, ки биншинад. Парастор курсиро бардошт ва ба канори тахти бемор бурду нишаст.

– Ҳоло ба шумо дору хоҳам дод. Рафта об оварам.

Шоир, ки дасти парасторро гирифта буд, раҳо накард.

– Осуда бошед, шоир… таб надоред?

Лоҳутӣ агар мехост дар чунин вазъе сухан бигӯяд, барои ин ки дигарон бифаҳманд, ба забони русӣ ҳарф мезад.

– Чӣ шуда, шоир? Роҳату осуда бошед, ҳоло духтурро ҷеғ мезанам!

Лоҳутӣ қасд надошт дасти парасторро раҳо кунад ва худаш низ бо садои хеле оҳиста лаб ба сухан кушуд. Парастор ҳарчӣ бо дилу ҷон гӯш супурд, нафаҳмид ӯ чӣ мегӯяд. Шоир ки гӯё суханашро тамом карда буд, оби даҳон фурӯ бурд. Баъд дубора замзама оғоз кард.

Парастор ин бор низ чизе нафаҳмид, вале тахмин кард, ки ҳамон сухани қаблиро такрор мекунад.

Шоир суханашро тамом карду оби даҳон фурӯ бурд. Парастор даҳонашро наздики гӯши бемор оварду гуфт:

– Ба забони русӣ ҳарф бизанед. Чӣ мегӯед, шоир?

Аммо садое аз шоир барнаёмад. Дастоне, ки маҳкам аз дасти парастор гирифта буд, ором-ором сард мешуданд. Дастоне, ки барои иншои шеър офарида шуда буданд, дар қабзаи дастони парастор сард шуданд. Равони шоир ба сӯйи ашъори фанонопазираш парвоз кард…

Хабари таассуфовари марги шоирро тамоми расонаҳои иттилоотии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳабар доданд. Муштоқон ва мухлисони шеъри Лоҳутӣ бо шунидани ин хабар мотам гирифтанд. Муддати зиёде аз ин воқеа нагузашта буд, ки Бону парастори ҳамсарашро ёфт ва аз ӯ дар бораи охирин лаҳзаҳои умри Лоҳутӣ пурсон шуд. Ҳамоно Бону аз охирин шеъри Лоҳутӣ дарёфта буд, ки вопасин дами шоир чӣ гуна хоҳад шуд, вале интизор надошт, ки ногаҳон чунин ҳодиса рух медиҳад. Инсони оҷиз ба худ мегӯяд, ҷони аз дастнарафта умеди ҳаёт дорад.

Бону бемақсад ба дунболи парастори ҳамсараш набуд. Ба дунболи ӯ набуд, ки фақат аз ӯ дар бораи вопасин дами шоир бипурсад. Инсон гоҳе дар лаҳзаҳои охири зиндагӣ супорише дар бораи чизе ё васияте ба ҳамсару хонаводааш дорад ва агар розе дорад, ки то дами охир нигоҳ доштааст, онро ба бозмондагони худ бозмегӯяд.

Бону ту бо ин андеша, ки шояд Лоҳутӣ дар вопасин дам сухане ба парастор гуфта бошад, бо ӯ мулоқот кард. Парастор ончиро ки пеш омада буд, барои Бону шарҳ дод. Гуфт, ки дар нимаҳои шаб садои занг ба гӯшаш расида ва шоир бо ҳузури ӯ ҳарфҳоеро замзама кардааст.

Бону ба парастор наздиктар шуда гуфт:

– Бигӯ, чӣ гуфт?

– Натавонистам бифаҳмам.

– Магар бо беҳолию заъфи зиёд сухан гуфт, ки натавонистӣ бишнавӣ?

– Не.

– Пас, чаро нафаҳмидӣ, ки чӣ гуфт?

– Ба забони худаш сухан гуфт.

– Ба забони худаш?

Парастор ба аломати таъйид сар такон дод.

– Чӣ гуфт? Оё натавонистӣ маънояшро бифаҳмӣ?

Парастор ба алами тасдиқ сарашро ҷунбонд.

– Ҳатто як калимаашро намефаҳмидӣ?

Парастор ба андеша фурӯ рафту гуфт:

– Ба гумонам, номи касеро ба забон овард.

– Номи чӣ касеро? Маро?

– На! Номи Шумо набуд, номи мардона буд, … Писар доред?

– Дорем.

– Номаш?

– Данил.

– Далер набуд, не, Далер набуд.

– Ҳатман номи мардона буд?

– Бале.

Парастор барои ин ки ба ёд биёварад шоир чӣ гуфта, андешамандона, лабонашро ба дандон газид.

– Аш…, гумонам, номест, ки ҳамеша бар забонҳо ҷорист. Номи аврупоӣ набуд.

– Агар баъзе номҳоро бароят бигӯям, оё мумкин аст, он номро биёбем? Оё хоҳӣ донист, ки он номро бар забон овардааст?

– Албатта, хоҳам донист. Агар фикр кунам, шояд битавонам худам ба ёд биёварам.

Парастор муддате андешиду гуфт:

–Ҳамон рӯзҳо дар хотирам буд. Чӣ бигӯям? Гумон намекардам, ин чизҳо зарурӣ бошад. Баъдҳо гуфтаҳои ӯ дар гӯшам танинафкан буд. Дуруст, мисли шеър буд.

Бону хеле мехост, ки вопасин каломи Лоҳутиро бидонад. Суханони охирини дами ӯ барои Бону воқеъан, як ниёзи ботинӣ буд. Агар Лоҳутӣ он суханро ончунон ки парастор мегӯяд, ба забони худ гуфта бошад, пас, ӯ гумон мекард, ки ман дар он лаҳзаҳо дасташро мефишурдам ва бинобар ин, ба забони модарии худ сухан гуфта, то фақат ман сухани ӯро бифаҳмам. Шояд ин як роз аст. Агар роз набошад, магар наметавонист ба забони русӣ бигӯяд? Пеш аз ин бо парастор ба забони русӣ сухан мегуфт-ку?!

Чеҳраи парастор ногаҳон дурахшид.

– Ёфтам, номи Расулро ба забон овард.

Бону ба ҳаяҷон омад:

– Расул, Расул, Расул!…

Пай набурд, ки Лоҳутӣ барои чӣ ин калимаро гуфтааст.

Парастор дубора гуфт:

– Муҳаммад.

– Гуфт, Муҳаммад? Дар ҳақиқат, бовар дорӣ?

– Албатта Муҳаммад гуфт. Воқеан, мутмаинам, ба ёдам ҳаст.

Гӯё ки чизҳое таровиш кард. Чеҳраи Бону нуронӣ ва кушода шуд. Дасташро пушти шонаҳои парастор гузошт, бо меҳру муҳаббати модарона навозиш карду гуфт:

– Агар ман он суҳанони Лоҳутиро бозгӯ намоям, оё ту ташхис хоҳӣ дод, ки ин ҳарфҳоро задааст?

– Албатта, хоҳам донист, чун ӯ ҳамон суханонро се бор такрор кард. Гумон мекунам, шоир такрор кард, то ман ба хотир гирам…

Бону дубора рӯйи курсӣ нишасту оҳиста-оҳиста замзама кард:

– Ашҳаду ан ло Илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу.

Хонуми парастор дасташро рӯйи шонаи ӯ гузошту бо меҳру муҳаббати духтарона навозиш кард.

– Худаш аст! Худаш аст! Шоир дақиқан ҳамин ҳарфҳоро такрор кард, се бор…

Парастор дар ҳоле ки беруни дари бемористон бо Ситсилия Бону худоҳофизӣ ва ӯро гусел мекард, суолеро, ки дилашро беқарор карда буд, пурсон шуд:

– Агар розу сирри пинҳонӣ нест, лутфан бигӯед, шоир дар вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ чӣ гуфтааст?

Бону ба ӯ посух дод:

–Не, ин розу асроре нест, балки дар тамоми ҷаҳон ошкор аст. Ӯ пеш аз ҷон додан «калимаи шаҳодат»-ро ба забон рондааст. Он сухане, ки Лоҳутӣ се бор такрор кард, «калимаи шаҳодат» ном дорад. Ин калом барои ҳар фарди муъмину мусулмон фарзи айн аст.

Муаллиф: Қосим НУРБОДОВ,

нависандаи туркман.

Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.