• Mardon
  • 18.07.2019
  • 0

Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул мешавад

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул мешавад.  Ҷаласаи  гуруҳи корӣ  оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Тавре ки аз вазорати молия иттилоъ доданд, дар ҷаласаи  корӣ  Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон,  Зариф  Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,  Х.Исмоилзода,   сардори  раёсати  банақшагирии  стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Қ.Наимӣ,  сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  роҳбарони як қатор вазорату  кумитаҳо низ ширкат доштанд.

Ҷаласаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оғоз намуда, қайд намуд, ки  тибқи супориши Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар таҳрири  нав  таҳия  ва татбиқ  намояд. Дар ин замина тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 июни соли 2019, № АП1236  Гуруҳи  корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таъсис  дода шудааст.

Ҳамчунин, дар суханронии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид махсус  қайд  гардид, ки зимни  таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла  манфиатҳои  шахсии  субъектҳои   соҳибкорӣ  ва шаҳрвандон бояд ба инобат гирифта шаванд.  Зеро,  ҳадафҳои  гузошташуда тибқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ аз таъмини устувории рушди иҷтимоиву  иқтисодӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад. Айни замон  низоми андоз дар асоси рукнҳои  бозоргонӣ ташкил дода шудааст ва ислоҳоти андозии қаблан анҷомдодашуда қадамҳои аввалин дар ташкили низоми андоз ҳисобида мешаванд.

Доир ба масъалаи мазкур  Вазири молия  Ф.Қаҳҳорзода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода,  Вазири саноат ва технологияҳои  нав З.Файзуллозода,  раиси  Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ Ф.Ҳамрализода ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Давлатзода  ибрози назар намудаанд.

Ба Кодекси андоз дар таҳрири нав пешниҳоде доред? Нависед! Мо дар зери матлаби мазкур мегузорем, то мақомоти дахлдор мавриди истифода қарор диҳанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner