Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корхонаҳои зудбарояндаи дернапоянда

Дидору мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни кишвар, ки ҳафтае қабл сурат гирифт, ба чандин суолҳои ноҷавоб посух гуфт.  Дар ин мулоқот чандин суханҳои ногуфтаву нуҳуфта ифшо шуданд, аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати самаранок гаштани саноатикунонии кишвар дастуру пешниҳодот ироа гаштанд.

Нигаронӣ аз заводи “Помир”

Муҳимтар аз ҳама он буд, ки дар мулоқот соҳибкорон мустақилият ё чизи дигар ҳис карданд, ки бидуни муқаддимагуфторҳои тумтароқ ва матнхонӣ мағзи гапро мегуфтанд.

Воқеан ҳам, мавзӯи саноатикунонии кишварро метавон ҳамчун мавзӯи рӯз маънидод кард, зеро бо пешниҳоди Пешвои миллат  саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гаштааст.

 Ҳарчанд Президенти мамлакат аз рӯзҳои касб кардани соҳибистиқлолӣ саноатикунонии сартосарии кишварро як рукне аз  пешбурди сиёсати худ қарор дода буд, аммо масъулини шаҳру навоҳӣ ва теъдоде аз вазирону вакилон ба ин мавзӯъ сарсарию рӯякӣ назар мекарданд. Зеро ба касе пӯшида нест, ки аксари собиқ корхонаҳову муассисот дар ихтиёри собиқ ҷангандаҳову қумондону соҳибимтиёзҳое буданд, ки касе ёрои бо онҳо баҳс карданро надошт.

Чунончи, собиқ Заводи яхдонбарории “Помир” дар сартосари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маълуму машҳур буд, ки бар асари кашмакашҳои сиёсии солҳои навадуми асри ХХ ин заводи овозадор бо арзиши ночиз дар дасти афроди тасодуф қарор гирифт. Зимни мулоқот бо саноатчиён Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Заводи яхдонбарории «Помир»  ки соли 1964 ба истифода супорида шуда, иқтидори солонаи он истеҳсоли 176 ҳазор яхдонро дар бар мегирифт, пас аз хусусигардонӣ соҳибмулкони қаблӣ натавонистанд истеҳсолу фурӯши яхдонҳоро ба шароиту талаботи бозорӣ мутобиқ гардонанд ва бо гузашти зиёда аз даҳ сол дар корхона танҳо таъмири бинои идора гузаронида шуд.

Пешвои миллат дар ин радиф мисоли дигаре оварданд: Ҷамъияти саҳомии «Корхонаи арматурбарорӣ»-и шаҳри Душанбе, ки иқтидори лоиҳавии солонаи он коркарди 30 ҳазор тонна чӯян ва латуну алюминийро ташкил медод, он соли 2006 хусусӣ гардонида шуда, аз соли 2007 то соли 2015 дарҳои оҳанӣ ва конструксияҳои металлӣ истеҳсол мекард ва соли 2014 қариб нисфи ҳудуди корхона ба фурӯш бароварда шуда, он аз тарафи соҳибкорони туркӣ харидорӣ гардид ва айни замон корхона ба истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Кока-Кола» машғул аст. Бале сармоягузорони хориҷӣ дар мадди аввал манфиати худро болотару волотар аз манофеи миллиамон медонанд.

Фориғболӣ

Шукрона, ки бо гузашти вақт Сарвари давлат ба фаъолияти “манфиатҷӯёни давр” нуқта гузоштанд ва шаҳрдорӣ низ ҷиҳати татбиқу амалӣ кардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба коргоҳҳои хусусигардонидашудаи аз фаъолият бозмонда муҳлат дод, то дар ин муддат агар фаъолият накунанд, он гоҳ аз коргоҳҳои хусусӣ бенасиб хоҳанд шуд. Чунин иқдом андаке ҳам бошад, соҳибмулконро ба таҳрик даровард.

Ҳар гоҳе дар шаҳру навоҳие бо иштироки Сарвари давлат коргоҳи саноатие мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт, дигар руасои шаҳру навоҳӣ ба хотири худнамоишдиҳӣ аз бунёди корхонае ба Дастгоҳи Президент гузориш пешниҳод кардаву дархост мекарданд, то дар рӯзи ифтитоҳи он коргоҳ Пешвои миллат иштирок кунанд. Ва ифтитоҳ бо иштироки Президент амалӣ мегашт, шабакаҳои телевизионии кишвар то як моҳ он завод ва ё коргоҳи ифтитоҳшудаву ҳанӯз маҳсулот истеҳсолнакардаро гаштаву баргашта таблиғ мекарданд. Аммо намедонам бар асари фориғболии роҳбарони ташкилоту муассисоти сохтмонӣ ва ё руасои шаҳру навоҳӣ буд, ки теъдоде аз чунин корхонаҳои зудбарояндаи дернапоянда баъд аз се моҳи фаъолият муфлис мешуданд. Худшириннамоиҳои руасои шаҳру навоҳиро ҷуз дар мақому мансаб боқӣ мондан наметавон чизи дигаре маънидод кард, аммо хок бар чашми мардуму давлат пошидани онҳоро чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо саноатчиёни кишвар роҷеъ ба фаъолияти корхонаҳо изҳори нороҳатӣ карда, иброз доштанд, ки “Тибқи таҳлилҳо, аз шумораи умумии корхонаву коргоҳҳои саноатии ҳисоботдиҳанда ба ҳолати сентябри соли 2019 қариб 8 фоизи онҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият накардаанд, ки чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддӣ буда, ба молияи давлатӣ ва умуман, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ мерасонад”.

Тавре Президент ёдовар шуданд, “Тибқи санҷиши соли 2017, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шуд, муайян гардид, ки аз 33 корхонаи солҳои 2016-2017 ифтитоҳшуда ё санги асосашон гузошташуда, 14 корхона бо иқтидори нопурра фаъолият дошт ва 19 корхона умуман аз фаъолият бозмондааст ё сохтмонаш оғоз нашудааст, ки чунин вазъ нигаронкунанда мебошад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз, танҳо дар ҳафт моҳи соли 2019 ҳаҷми даромади умумии 115 корхонаи калони истеҳсолӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 миллиард сомонӣ ва андозҳои ҳисобшудаи онҳо 166 миллион сомонӣ коҳиш ёфтаанд”. Чунин аҳвол, воқеан ҳам, нигаронкунанда аст ва зарбаи ҷонкоҳе бар иқтисодиёти кишвар мезанад. Чаро коршиносон омилҳои рӯ ба хисороту муфлисӣ овардани корхонаҳоро мавриди таҳлил қарор намедиҳанд ва дурнамои раҳоӣ аз буҳрону бунбастро дар ихтиёр надоранд? Сарварони коргоҳҳо бошанд, омили ягона, набудани сармоя ва ашёи хомро баҳона пеш меоранд ва ин ҳама дар ҳолест, ки онҳо аз ҳисоби корхонаҳои сохта ба истифодадодаашон соҳиби қасру тарабхона ва  мошинҳои гуногунтамғаи гаронбаҳоянд. Аз кадом ҳисоб? Инро бояд ниҳодҳои дахлдор муайян кунанд.

Худнамоӣ

Дигар масъалае, ки Пешвои миллатро ба ташвиш овардааст, ин сатҳи таъминоти хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ мебошад, ки дар 8 моҳи соли 2019 дар маҷмӯъ 9 фоизро ташкил намудааст, ки чунин амалкард хеле ташвишовар аст. Ин ҳама дар ҳолест, ки соли 2018 корхонаҳое, ки бо коркарди пурраи нахи пахта машғул мебошанд, аз 6 намуди андоз озод карда шуда, ҳамзамон фурӯши либосҳои мактабӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва воридоти ашёи такмилӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ аз боҷи воридотӣ ва аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд. Пас, чаро дар ин самт фориғболист, ки масъалаи мазкур миёни волидайни хонандагон баҳсу нороҳатиеро ба бор овардааст?!

Имрӯз, мутаассифона, дар аксари шаҳру навоҳӣ анъанаи худнамоишдиҳии роҳбарон роиҷ аст: Ҳар гоҳе масъулин аз ташрифи Сарвари давлат ва ё вазиреву вакиле ба шаҳру ноҳияашон дарак ёбанд, хурду калонро ба ҳашар, ободкориву гулшинонӣ, бунёду сохтмони иншоот сафарбар мекунанд ва мардуми хобу хӯр аз дастдода шабонарӯз башаст дар даванд. Магар ин ҳама тозакориҳову ободкориҳо барои Пешвои миллату дигар аз масъулини ҳукуматист? Чаро чунин ободкориҳо ақаллан ҳафтае як маротиб ба хотири мардум сурат намегирад?!

Дар маҷмӯъ метавон ҳама гуна корҳои ободкориву саноатикунониро дар ҳамбастагиву бидуни ҳар гуна тамаллуқ ва худнамоишдиҳӣ танҳо сирф ба хотири ободии Ватан ба ҷо овард. Ва агар ҳар гуна иқдомҷӯиҳоямон ба хотири худнамоишдиҳӣ ва дар мансабу мақом боқӣ мондан бошад, он гоҳ вой бар ҳоли МИЛЛАТ!!!

Муҳиддин Идизода,

махсус барои рӯзномаи “Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.