• Усмон НИЁЗОВ
  • 13.01.2017
  • 0

Корхонаи дӯзандагӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара

Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби корхонаи дӯзандагӣ гардид, ки дар он 50 нафар занони хонанишин фаъолият мекунанд.

Ин бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. . Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур Раиси кумита Идигул Қосимзода иброз дошт, ки густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии занону духтарон, тарбияи дурусти фарзандон, солиму обод нигоҳ доштани оила ва тақвияти муносибатҳои оиладорӣ нақши муассир  мегузорад.
Юе Бин, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамкории минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя боз ҳам густариш ёфта, дӯстиву рафоқат барои нақшаҳои ояндаи давлатҳо заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner