Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кумаки навбатии Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки барои амалисозии барномаҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин кишварҳо 72 миллион еврои дигар кумаки билоиваз ироа хоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки барои амалисозии барномаҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин кишварҳо 72 миллион еврои дигар кумаки билоиваз ироа хоҳад кард.

 Ин нукта рӯзи 7 июл дар поёни мулоқоти «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ» бо ширкати намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек таъкид шуд.

Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳи нави барқӣ 20 миллион евро дарёфт мекунад. Неругоҳи нав барқро қисман ба шимоли Афғонистон содир хоҳад кард. Дақиқ нест, ки кадом неругоҳ мавриди назар аст, аммо Олмон барои сохтмони он изҳори омодагӣ кардааст.

Дар мулоқот бо намояндаи Иттиҳод вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.